Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд
Дирӯз, 20 сентябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иншооти мазкур аз 7 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3204 метри мураббаъ мебошад.
“Беморхона барои қабул ва табобати 200 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Дар он шуъбаҳои нави иловагии тахассусӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ташкил карда шудаанд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.



Ба ғайр аз бахши табобатӣ, дар бинои нав барои пешбурди корҳои муҳимми илмию таълимӣ шароити мусоид фароҳам буда, дар он утоқҳои махсуси таълимӣ, толори баргузории конфронс ва машғулиятҳои амалӣ ташкил карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ