Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду коргоҳи нави равған ва орд ба фаъолият оғоз карданд
20 сентябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсоли равған ва орд мавриди истифода қарор гирифтанд.
Коргоҳи равғани «Анқо-инвест», ки аз ҷониби Гурӯҳи ширкатҳои «Фаровон» бунёд шудааст, дар як шабонарӯз имкони коркарди то 200 тонна ашёи хом ва дар як сол то 70 ҳазор тонна донагиҳои равғандорро дорад.
Ба иттилои расмӣ, ашёи хоми коргоҳ асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад. Дар ин ҷо истеҳсоли равғани офтобпараст, пахта ва равғани омехта ба роҳ монда шудааст.


Ҳамчунин, дар ин рӯз коргоҳи нави орди «Ирода Инвест» ба фаъолият оғоз кард. Коргоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 600 тонна гандум дар як шабонарӯз-ро дорад. Дар он анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 28 ҳазор тонна низ мавҷуд аст.
Ба роҳ мондани ин истеҳсолот барои афзоиши ҳаҷми маҳсулоти дар дохили кишвар коркардшуда ва таъмини бозори Тоҷикистон бо равғану орди истеҳсоли ватанӣ пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ