Дар шаҳри Душанбе калонтарин корхонаи хишти сабук ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Душанбе бо саҳми соҳибкор Акбар Ғуломов корхонаи нав бунёд ва ба истифода дода шуд. Ин корхонаи масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷойгир аст.

Дар ифтитоҳи расмии ин корхона имрӯз, 27 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иншооти нави саноатӣ аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ калонтарин корхонаи хишти сабук дар кишвар ба шумор меравад.

“Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол ба 300 ҳазор метри мукааб газоблок баробар мебошад”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки қаблан ин навъи масолеҳи сохтмонӣ, қисман аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд. Акнун дар ин корхонаи нав ҳафт намуди газоблок истеҳсол мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 35 корхонаи истеҳсоли газоблок фаъолият дорад. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ин корхонаҳо 150 ҳазор метри мукааб газоблок истеҳсол шудааст.

Дар давоми 9 моҳи соли равон дар шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли газоблок ба 10 ҳазор метри мукааб расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *