Боздошти як мард барои паҳн намудани аксу наворҳои порнографӣ
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар дод, ки ба паҳн намудани маводи порнографӣ гумонбар мешавад.
Ба иттилои ВКД, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Б. Ғафуров Сироҷиддин Ғоибназарови 22 соларо барои паҳн намудани маводи порнографӣ дастгир кардаанд.
Ӯ сокини ноҳияи Шаҳристон буда, соли 2025 то моҳи августи имсол бо як ҷавонзани ҳамсолаш муносибати ошиқона доштааст.
“Баъди оила барпо намудани ҷавонзан ва қатъ гардидани муносибатҳои ошиқона, Ғоибназаров С. акс ва наворҳои якҷоя бо ӯ гирифташударо, ки дорои хусусияти порнографӣ мебошад, паҳн намудааст”-,афзуд манбаъ.
Тибқи иттилоли ВКД, нисбати Сироҷиддин Ғоибназаров бар асоси моддаи 241, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ин бори аввал нест, ки мақомот барои паҳн намудани маводҳои порнографӣ мард ё занеро боздошт мекунад. Дар гузашта боздошти чунин афрод борҳо расонаӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ