Дар Душанбе сохтмони эстакадаҳои нав оғоз ёфт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, рӯзи 27-уми октябр ба бунёди роҳҳои дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар аз болои дарёи Душанбе оғоз бахшиданд.

Ба иттилои Дафтари матбуоти президент, бунёди эстакадаҳои дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар доираи татбиқи Нақшаи генералии пойтахт сурат мегиранд.

Дар доираи ин тарҳ бунёди эстакадаҳои муосир, роҳҳои то 8-хатта ва пули нави мошингузар сохта мешаванд.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шудааст, ки “дарозии роҳи дусатҳа нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев дар умум 850 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат сохта мешавад, ки паҳноии ҳар як хатти ҳаракат мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сеюним метрро ташкил хоҳад дод”. 

Ба иттилои манбаъ, дарозии роҳи дусатҳаи дигар, ки дар нуқтаи пайванд аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров бунёд карда мешавад,  дар умум 4 ҳазору 300 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат тибқи стандарҳои байналмилалӣ сохта мешаванд.

Пули мошингузар аз болои дарёи Душанбе низ пурра азнавсозӣ шуда, 115 метр дарозӣ, 40 метр паҳноӣ ва 8 хатти ҳаракат хоҳад дошт.  Барои автобусу тролейбусҳо хатҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ бояд давоми 2 сол анҷом ёбанд. Ҳадаф аз бунёди чунин роҳҳо, пешгирӣ аз тамбашавии роҳҳо ва таъмини ҳаракати бемамониати нақлиёт дар пойтахт гуфта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *