Санҷиши навбатии мақомоти Русия нисбат ба муҳоҷирон. Онҳоро чӣ интизор аст?
Дар пайи амалиёти «Нелегал-2026» дар вилояти Маскави Русия дар назар аст, беш аз 6,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз ин кишвар ихроҷ шаванд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Маскав хабар дода, гуфтааст, дар доираи ин амалиёт ҳамчунин вуруди беш аз 18 ҳазор муҳоҷир ба ин кишвар манъ шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, аз 1 то 10-уми октябри соли равон дар вилояти Маскав марҳилаи дуюми амалиёти фаврӣ-пешгирикунандаи «Нелегал-2026» баргузор гардида, ҳадафи он муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи муҳоҷират будааст.
Расонаҳои русӣ дар такя ба мақомоти ин кишвар навиштаанд, дар натиҷаи санҷишҳо беш аз 16 ҳазор ҳолати вайрон кардани қонунгузории Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷират ошкор шудааст.
Дар баробари вилояти Маскав, дар бархе аз минтақаҳои дигари Русия низ чунин амалиёт роҳандозӣ шудааст.
Имсол бори дуюм аст, ки дар Русия амалиёти “Нелегал” мегузарад. Пеш аз ин чунин санҷишу тафтишҳои сартосарӣ дар фасли тобистон баргузор шуда буд.
Роҳандозии ин амалиёт дар ҳолест, ки аз моҳи ноябри соли равон қоидаҳои наву сахттар барои ихроҷи муҳоҷрон ҷорӣ мегардад.
Ҳарчанд мақомоти Русия ҳадаф аз амалиёти “Нелегал-2026” -ро мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ меҳисобад, вале дар гузашта муҳоҷирони тоҷик борҳо шикоят кардаанд, ки бидуни сабаб онҳоро дар Русия тафтиш намуда, аз қаламрави ин кишвар ихроҷ мекунанд.
Ҳамасола садҳо ҳазор нафар корҷӯъ барои дарёфти кору маоши муносиб аз Тоҷикистон ба Русия мераванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ