Аз телевизион то «Амонатбонк» – роҳи касбии Дилафрӯз Раҳматова (видео)
Имрӯз, 26 октябр зодрӯзи Дилафрӯз Раҳматова, журналист, иқтисодчӣ, дар гузашта чеҳраи телевизион ва ҳоло сардори хадамоти матбуоти Амонатбонк аст.
Дилафрӯз Раҳматова дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми литсейи №55-и пойтахт соли 2007 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд.
Ҳанӯз донишҷӯ буд, ки дар озмуни интихоби наттоқони телевизион ширкат кард ва ҳамчун яке аз ҷавонтарин иштирокчиён муваффақ гардид. Ҳамин озмун роҳи ӯро ба телевизион боз кард.
Фаъолияти касбиашро дар идораи «Ахбор»-и Телевизиони Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан ҳамчун муҳаррир ва шореҳи иқтисодӣ фаъолият кардааст. Ӯ дар барномаҳои хабарӣ масъалаҳои иқтисод, қурби асъор, бозорҳои ҷаҳонӣ ва дигар мавзуъҳои рӯзро шарҳ медод.
Марҳилаи дигари фаъолияти Дилафрӯз Раҳматова ба барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ пайванд дорад. Ӯ аз ҷумла дар таҳияи барномаи «Муд» саҳм гузошта, баъдан сармуҳаррири идораи фарҳангиву фароғатии Телевизиони Тоҷикистон буд.
Номи ӯ бо филми мустанади «Тоҷикистон – марвориди Шарқ» низ пайванд дорад. Ин филм соли 2018 дар фестивали байналмилалии телевизионӣ сазовори ҷоиза гардид.
Ҳамчунин, Дилафрӯз Раҳматова дар телевизиони «Душанбе» фаъолият карда, барномаҳои «Муд бо Дилафрӯзи Раҳмат» ва «Сайри олам» – ро пеш бурдааст.
Барои фаъолияти касбӣ ӯ бо унвонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва «Аълочии телевизион ва радио» сарфароз шудааст.
Аз соли 2019 инҷониб Дилафрӯз Раҳматова сардори Хадамоти матбуот ва рекламаи «Амонатбонк» буда, дар самти робитаи бонк бо расонаҳо ва ҷомеа фаъолият мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ