Як қатор роҳҳои Душанбе ва атрофи он муваққатан баста мешаванд

Рӯзи 24-уми октябр як қатор роҳҳои Душанбе ва атрофи он муваққатан баста хоҳанд шуд.

Тибқи иттилои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД, маҳдудият аз соати 07:00 то 14:00 дар кӯчаи Теҳрон, хиёбонҳои Рӯдакӣ ва С. Айнии Душанбе, инчунин дар кӯчаҳои марказии шаҳри Ваҳдат идома меёбад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон чунин маҳдудият дар қитъаҳои роҳҳои Душанбе–Ваҳдат–Кӯлоб, Душанбе–Ваҳдат–Лахш ва Ваҳдат–Ромит низ ҷорӣ мешавад.

Раёсати БДА аз ронандагон даъват кардааст, ки ҳаракати худро бо назардошти маҳдудиятҳои мазкур пешакӣ ба нақша гирифта, дар вақти зикршуда аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

Сабаби муваққатан бастани роҳҳо шарҳ дода нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *