Дилрабо Мансурӣ: Дар Тоҷикистон 95 %-и  кӯдакон ба эмкунӣ фаро гирифта шудаанд

Дилрабо Мансурӣ, муовини нахуствазири Тоҷикистон мегӯяд, талош доранд дар кишвар чораҳои пешгирии бемориҳои саратонро тақвият дода, ин бемориҳоро дар марҳилаҳои аввал ошкор намоянд.

Ӯ ин нуктаро дар нишасти байналмилалии “Сармоягузорӣ барои беҳбуди кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилонаи наслҳои оянда”, ки дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор шуд, иброз дошт.

Дилрабо Мансурӣ дар ин нишаст ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ мекардааст.  Вай таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон 95 дарсади кӯдакон ба эмкунӣ фаро гирифта шудаанд ва мониторинги он низ мунтазам идома дорад.

Хонум Мансурӣ изҳор дошт, масъалаи ҳифзи кӯдакон ва мубориза бо саратони кӯдак аз доираи мушкилоти тиб берун рафтааст.

“Ин, аз як тараф, доираи масъулияти давлатҳоро меафзояд ва аз сӯи дигар, зарурат пеш меорад, ки ҳамоҳангии кори байни идораҳои давлатӣ таъмин шаванд. Ҳимояи саломатии кӯдакон дар Тоҷикистон яке аз авлавиятҳои сиёсати давлатиро ташкил менамояд”-, афзуд Дилрабо Мансурӣ.

Ӯ шарҳ дод, ки «Барномаи давлатии пешгирӣ ва назорати бемориҳои онкологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029» пиёда мегардад, ки ба такмили низоми ташхиси барвақт, табобат ва паст намудани сатҳи фавт аз бемориҳои онкологӣ нигаронида шудааст.

Ба гуфтаи вай,  дар панҷ соли охир барои татбиқи барнома дар Тоҷикистон маблағгузории соҳаи тиб дуним баробар афзоиш ёфта, аз 1,8 ба 4,3 миллиард сомонӣ зиёд шудааст.

Зироат Мирзиёева, ҳамсари Шавкат Мирзиёев ҳангоми баромадаш дар ин ҳамоиш гуфт, “боиси хушнудист, ки имрӯз мо нахустин натиҷаҳои конгреси аввалро мебинем, ки соли гузашта дар Тошканд ба вуқӯъ пайваст”.

Хонуми аввали Ӯзбекистон афзуд, ҳар сол дар ҷаҳон тақрибан 400 ҳазор кӯдак ва наврас гирифтори саратон мешаванд.

“Дар кишварҳои пешрафта беш аз 80 фоизи онҳо шифо меёбанд ва 96 фоиз ба доруворӣ дастрасӣ доранд. Дар дигар кишварҳо ин рақам ҳатто ба 30 фоиз намерасад. Танҳо 29 фоизи кӯдакони бемор бо доруҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд”-, гуфт Зироат Мирзиёева.

Дар ин нишасти байналмилалӣ, ки рӯзи 21-уми октябр оғоз шуда, ду рӯз идома ёфтааст, дар баробари хонумҳои аввали чанд кишвар, намояндагони СММ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Ҷамъияти байналмилалии онкологияи кӯдакон, Мактаби аврупоии онкология ва роҳбарони мақомоти тандурустӣ, олимон, мутахассисон ва шахсиятҳои ҷамъиятӣ аз 100 кишвари ҷаҳон ширкат намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *