Руқия Қурбонова – 70 соли зиндагӣ ва фаъолияти давлатӣ
Имрӯз, 23 октябр Руқия Қурбонова, собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зодрӯз дорад. Ӯ ба синни 70 расид.
Руқия Қурбонова 23 октябри соли 1956 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба дунё омадааст.
Соли 1978 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм кардааст. Соли 1988 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро низ ба итмом расонидааст. Фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи № 9-и шаҳри Норак оғоз кардааст.
Солҳои 1992–1995 дар идораи сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии Норак, дар шуъбаи махсуси сохтмони обии шаҳри Норак, фаъолият намудааст. Солҳои 1995–1997 муовини якуми раиси шаҳри Норак буд.
Баъдан дар вазифаи мудири шуъбаи тандурустӣ ва кор бо занону оила дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Соли 2004 раиси Кумитаи кор бо зан ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, соли 2005 муовини раиси вилояти Хатлон ва солҳои 2006–2007 раиси шаҳри Қӯрғонтеппа буд.
Аз 26 январи соли 2008 то моҳи ноябри соли 2013 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
То замони ба нафақа баромаданаш муовини раиси шаҳри Душанбе буд.
Айни замон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият дорад.
Руқия Қурбонова оиладор буда, соҳиби ду фарзанд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ