Ҷаласаи XXXIII Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози давлатҳои узви ИДМ
23 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим ҷаласаи XXXIII Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо сухани истиқболӣ баромад кард. Дар назди иштирокчиёни ҷаласа инчунин Котиби генералии ИДМ Трефилов Денис Анатолевич суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар тӯли солҳои зиёд дар мустаҳкам кардани дӯстӣ, эътимоди тарафайн ва ҳамкории созандаи байни давлатҳои узви ИДМ нақши муҳим дорад.

Махсусан муҳим аст, ки дар доираи Иттиҳод ва шӯроҳои ихтисосии он гуфтугӯи устувор нигоҳ дошта шуда, он барои ҳаллу фасли масъалаҳои актуалии соҳавӣ, табодули таҷриба ва пайдо кардани қарорҳои муфид барои манфиатҳои кишварҳо ва халқҳоямон имконият фароҳам месозад.


Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андоз дар солҳои 2025-2026, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои кории назди Шӯрои ҳамоҳангсозӣ муҳокима ва масъалаҳои имкониятҳои истифодабарии абзори зеҳни сунъӣ барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, дар маҷмуъ, аз ҳамкории байналмилалӣ ва гардиши электронии ҳуҷҷатҳо оғоз карда то истифодаи системаҳои идоракунии хатарҳо ва воситаҳои муосири таҳлилӣ баррасӣ карда шуданд. Дар ҷаласа қайд шуд, ки қарорҳои қабулшуда барои мустаҳкам намудани робитаҳои касбӣ ва татбиқи ташаббусҳои нав истифода хоҳанд шуд.
Имсол аз рӯзи таъсисёбии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози давлатҳои узви ИДМ 25 сол пур шуд.

Ба ифтихори 25-солагии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамчун нишони эътирофи саҳми пурарзиши як қатор роҳбарон ва коршиносон дар фаъолияти Шӯро ва рушди ҳамкории касбӣ бо ҳамдастии Кумитаи иҷроияи ИДМ онҳо бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ қадрдонӣ шуданд.
Бо ҳамин ҷаласаи сиюсеюми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози давлатҳои узви ИДМ кори худро анҷом дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ