«Осори мунтахаб»-и Муҳаммадҷон Шакурӣ дар 10 ҷилд ба нашр расид

Дар остонаи 100-солагии академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ «Осори мунтахаб»-и ин донишманди барҷастаи тоҷик дар 10 ҷилд ба нашр расид. Маҷмуа муҳимтарин асарҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, нақди адабӣ, фарҳангшиносӣ ва таърихию иҷтимоии устодро фаро гирифта, тасвири нисбатан мукаммали роҳи илмиву фикрии ӯро пеши хонанда мегузорад.


Мураттибони «Осори мунтахаб»-и Муҳаммадҷон Шакурӣ адабиётшиносон Матлубаи Мирзоюнус ва Субҳони Аъзамзод мебошанд. Муҳаррири масъули маҷмуа академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носирҷони Салимӣ аст. Даҳҷилда бо пешгуфтор ва зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода таҳия шудааст.
Ба ҳайати таҳрири нашр донишмандону адабиётшиносони маъруф Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Муҳаммаддовуд Саломиён, Аламхон Кӯчарзода, Абдухолиқ Набавӣ, Фарангис Шарифзода, Мирзоҳасан Султон, Шамсиддин Солеҳ, Матлубаи Мирзоюнус ва Субҳони Аъзамзод шомиланд.

Аз Айнӣ то масъалаҳои ҳастии миллӣ
Ҷилди якуми мунтахаб, тавре ишора шуд бо сарсухани Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода оғоз шуда, «Зиндагиномаи худнавишт», ҳамчунин асарҳои «Нависанда, халқ ва таърих (Назаре ба ҳаёт ва эҷодиёти Айнӣ)» ва «Равшангари бузург»-ро дар бар мегирад. Ҷилди дуюм пурра ба китоби «Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”-и устод С. Айнӣ» ихтисос ёфтааст. Омӯзиши осори Айнӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмии Шакурӣ буд ва ӯ дар ташаккули айнишиносии муосири тоҷик саҳми назаррас гузошт.
Ҷилди сеюм «Таърихи адабиёти советии тоҷик»-ро фаро мегирад. Ин асар ба давраи муҳими ташаккул ва таҳаввули адабиёти садаи ХХ марбут аст.
Ҷилди чорум ду асари муҳими назариявию адабиётшиносии донишманд — «Анъана, халқият ва маҳорат» ва «Паҳлуҳои тадқиқи бадеӣ»-ро дар бар мегирад. Дар ин осор масъалаҳои идомаи анъанаҳои адабӣ, робитаи адабиёт бо зиндагии иҷтимоӣ, маҳорати адиб ва хусусиятҳои тафаккури бадеӣ таҳқиқ мешаванд.
Ба ҷилди панҷум китобҳои «Пайванди замонҳо ва халқҳо» ва «Мактаби одамият» ворид шудаанд. Ҷилди шашум асари «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист»-ро дар бар гирифта, натиҷаи мулоҳизаҳои тӯлонии донишманд дар бораи равандҳои асосии адабиёти муосири тоҷик аст.
Яке аз маъруфтарин китобҳои Муҳаммадҷон Шакурӣ «Хуросон аст ин ҷо» дар ҷилди ҳафтум ҷой гирифтааст. Ин китоб дар фаъолияти фикрии ӯ мақоми хос дорад. Муаллиф дар он масъалаҳои забон, фарҳанг, худшиносӣ, истилоҳсозӣ ва сарнавишти таърихии тоҷиконро бо диди фарох баррасӣ мекунад. Ҷилди ҳаштум асарҳои «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» ва «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ»-ро фаро мегирад. Ҷилди нуҳум бо асари машҳури «Забони мо ҳастии мост» муаррифӣ мешавад. Ҳамчунин, дар ин ҷилд асари «Забони миллӣ ва ҷаҳонгароӣ» дохил шудааст. Ҷилди даҳум бо асари маъруфи «Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон» анҷом меёбад.

Армуғон ба 100-солагии Муҳаммадҷон Шакурӣ
Нашри «Осори мунтахаб»-и Муҳаммадҷон Шакурӣ ба 100-солагии ин донишманди маъруф бахшида шудааст.
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ аз чеҳраҳои барҷастаи илму фарҳанги тоҷик дар садаи ХХ ва оғози садаи XXI ба шумор меравад. Ӯ 30 октябри соли 1926 дар шаҳри Бухоро, дар хонадони маъруфи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ба дунё омада, даҳсолаҳои фаъолияти илмии худро ба таҳқиқи адабиёти тоҷик, осори Садриддин Айнӣ, масъалаҳои забони миллӣ, истилоҳшиносӣ, худшиносии миллӣ ва сарнавишти фарҳангии тоҷикон бахшидааст. Аз соли 1971 доктори илмҳои филология ва аз соли 1987 академики Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Соли 1996 ба узвияти пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон пазируфта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *