Қоидаҳои наву сахттар барои ихроҷи муҳоҷирон дар Русия
Мақомоти Тоҷикистон дар хитоб ба муҳоҷирони тоҷик гуфтааст, сабабу қойдаҳо барои ихроҷашон аз қаламрави Русия бештару сахттар мешавад, бино бар ин қонунҳои ин кишварро қатъиян риоя намоянд.

Ба иттилои намояндагии Хадамотит муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, аз моҳи ноябри имсол дар Русия қонуни нав мавриди амал қарор мегирад ва бар асоси он шумораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки боиси ихроҷи муҳоҷирон мегарданд, зиёд шудаанд.
“Минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, на танҳо барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират, балки барои як қатор ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба тартиботи ҷамъиятӣ ва фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ метавонанд аз Россия ихроҷ карда шаванд”-, гуфтааст манбаъ.
Қонуни нав имкони ихроҷро аз ҷумла барои ҳуқуқвайронкуниҳои зерин пешбинӣ менамояд:
• Майдаавбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ;
• Итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
• Вайрон кардани қоидаҳои баргузории ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ;
• Паҳн ё намоиш додани рамзҳо ва маводи экстремистӣ ё мамнуъ;
• Барангехтани адоват ва бадбинӣ нисбат ба гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа;
• Бадномсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия тибқи муқаррароти қонунгузории ин кишвар;
• Даъватҳои оммавӣ ба ҷорӣ кардани таҳримҳо ё вайрон кардани тамомияти арзии Россия;
• Эҷоди монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дигар амалҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия таъкид намудааст, барои баъзе ҳуқуқвайронкуниҳое, ки қаблан ҷарима пешбинӣ шуда буд, минбаъд метавонанд боиси ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ гарданд.
Намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тавсия медиҳад, ки қонунҳои кишварро қатъиян риоя намуда, аз иштирок дар амалҳои ғайриқонунӣ худдорӣ кунанд ва ҳангоми нашри мавод, навор, акс ё изҳорот дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд.
Владимир Путин, президенти Русия 4-уми августи соли ҷорӣ Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия»- ро ба имзо расонид.
Бар асоси ин қонун, шумораи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки барои вайрон кардани онҳо нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ҷазои ихроҷ аз ҳудуди Русия пешбинӣ шудааст, аз 22 ба 45 модда расонида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ