САМИР АБДУРАЗОҚОВ КИСТ?
САВОЛИ ХОНАНДА:
Пас аз хондани эълони гала-консерти 23 октябр дар Театри миллии Тоҷикистон номи Самир Абдураззоқов диққатамро ҷалб кард. Ӯ кист ва чӣ гуна ба саҳнаҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтааст?
ПОСУХИ PRESSA.TJ :
Самир Абдураззоқов пианинонавози ҷавони тоҷик аст, ки дар Шведсия таваллуд шуда, ба камол расидааст. Барои шинохти ӯ як нукта аҳамияти хос дорад: бо вуҷуди зиндагӣ дар Аврупо, Самир худро тоҷик муаррифӣ мекунад ва дар саҳнаҳои байналмилалӣ аз номи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ менамояд. Аз ҷумла, соли 2018 дар барномаи байналмилалии «Florida Keys» дар толори машҳури Карнеги-ҳолли Ню-Йорк Тоҷикистонро намояндагӣ карда буд.
Ӯ набераи ҳунарпешаи маъруф Ҳабибулло Абдураззоқов ва ҳунарманди шинохта Шарофат Рашидова, фарзанди пианинонавозу омӯзгор Нисор Абдураззоқов аст. Ӯ дар хонадоне камол ёфтааст, ки мусиқӣ, театр ва муҳаббат ба фарҳанг ҷузъи муҳими рӯзгор аст. Аммо мансубияти ҳунарӣ танҳо оғози роҳ аст. Барои дар саҳна ҷойгоҳи худро ёфтан ҳар кас бояд заҳмат кашад ва ҳунари худро собит намояд.
Самир аз панҷсолагӣ назди падар ба омӯзиши фортепиано оғоз кард. Дар шашсолагӣ бори нахуст ба саҳна баромад ва дар нӯҳсолагӣ бо оркестр дар шаҳрҳои Гётеборг ва Мальмё ҳунарнамоӣ намуд. Соли 2022 ба панҷгонаи ниҳоии озмуни шведии «Unga Solister» дар гурӯҳи синнии то 13-сола роҳ ёфт. Ин дастовардҳо натиҷаи машқи пайваста ва роҳнамоии омӯзгораш мебошанд.
Самир дар суҳбат бо «Pressa.tj»изҳор намуд, ки ба ҳисоби миёна ҳар рӯз панҷ-шаш соат фортепиано менавозад. Дар баробари осори оҳангсозони ҷаҳон, мусиқии тоҷикро низ меомӯзад. Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки таваҷҷӯҳи хоса ба осори Толибхон Шаҳидӣ дорад ва осори ӯро дар толорҳои бузурги кишварҳои Аврупо менавозад.
Пайвандони ӯ дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд ва таре, падараш тавассути телефон зикр намуд, кӯшиш дорад, ин ҳамбастагӣ бо ватан ҳаргиз гусаста нагардад. Ӯ мекӯшад, ки фарзандон ба Ватан рафтуомад дошта бошанд, аз таъриху фарҳанги худ бохабар бошанд ва решаҳои хешро бишносанд. Аз ҳамин ҷост, ки Самир дар хориҷ худро тоҷик муаррифӣ мекунад. Ба гуфтаи падараш, ӯ ҳамеша талаб мекунад, ки ҳангоми муаррифии Самир номи Тоҷикистон низ зикр шавад.
Дар роҳи рушди ин ҷавон сарпарастӣ низ нақши муҳим дорад. Ҳофиз Шаҳидӣ, фарзанди оҳангсози маъруф Толибхон Шаҳидӣ, ки тоҷикони соҳибистеъдодро дастгирӣ мекгнад, аз Самир Абдураззоқовро сарпарастӣ мекунад. Ин сарпарастӣ барои Самир имкони иштирок дар консертҳо ва сафарҳои ҳунариро фароҳам овардааст. Ҳамчунин Ҳофиз Шаҳидӣ дар баробари пардохти хароҷоти сафар барои вай стипендия муқаррар кардааст. Ин намунаи дастгирии амалии истеъдоди ҷавони тоҷик аст.
Истеъдод ба имкони рушд ниёз дорад. Хусусан дар мусиқии касбӣ, ки омӯзиши он солҳо идома меёбад, танҳо хоҳишу қобилият кофӣ нест. Соз, омӯзгори хуб, шароити машқ, иштирок дар озмун ва сафар ба саҳнаҳои дигар хароҷот мехоҳанд. Баъзан ҷавони боистеъдод маҳз дар остонаи пешрафт аз сабаби набудани маблағ дар нимароҳ мемонад.
Аз ин рӯ, кори соҳибкорону сарпарастоне, ки аҳли ҳунари ҷавонро дастгирӣ мекунанд, арзиши бузурги фарҳангӣ дорад. Онҳо ба ҷавон фурсат медиҳанд, ки қобилияташро рушд диҳад, таҷриба андӯзад ва ба рақобати касбӣ ворид шавад. Ҳар чунин дастгирӣ метавонад ба пайдо шудани як навозанда, овозхон ё оҳангсози барҷаста, яъне онҳое, ки фардо номи Тоҷикистонро ба гӯши ҳазорон ҷаҳониён мерасонад, мусоидат кунад
Иштироки Самир дар гала-консерти 23 октябр дар Театри миллии Тоҷикистон барои тамошобинони мо фурсати хуби шиносоӣ бо ҳунари ӯст. Ҷавоне ба саҳна мебарояд, ки дур аз Ватан ба воя расида, муҳаббат ба Тоҷикистонро бо худ нигоҳ доштааст.
Акнун навбати мост, ки ӯро бишнавем ва ба роҳи ҳунариаш бо таваҷҷуҳу меҳр назар кунем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ