Матлубаи Мирзоюнус барандаи Ҷоизаи Маҳастии Хуҷандӣ шуд

Адабиётшинос ва пажӯҳишгари шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор Матлубаи Мирзоюнус барои саҳми арзанда дар таҳқиқу муаррифии рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ сазовори Ҷоизаи Маҳастии Хуҷандӣ гардид.
 
Матлубаи Мирзоюнус аз маъруфтарин муҳаққиқони осори Маҳастии Хуҷандӣ ба шумор рафта, наздик ба се даҳсола аст, ки зиндагӣ, мероси адабӣ, ҷойгоҳи шоир дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ва масъалаҳои баҳсбарангези маҳастишиносиро пажӯҳиш мекунад.
Яке аз нахустин корҳои бунёдии ӯ дар ин самт рисолаи «Шамъи Тироз. Нигоҳе ба зиндагӣ ва ашъори Маҳастии Хуҷандӣ» мебошад, ки соли 2001 дар Хуҷанд ба табъ расидааст. Дар ин асар муҳаққиқ бо истифода аз сарчашмаҳои таърихию адабӣ зиндагиномаи Маҳастӣ, муҳити адабии замони ӯ, хусусиятҳои эҷодӣ ва ҷойгоҳи шоирро баррасӣ кардааст.
Пажӯҳишҳои чандинсолаи Матлубаи Мирзоюнус баъдан дар китоби мукаммалтари «Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ» ҷамъбаст шуданд. Ин асари 564-саҳифагӣ соли 2021 аз ҷониби нашриёти «Хуросон»-и Хуҷанд ба табъ расида, масъалаҳои муҳимтарини рӯзгор, мероси адабӣ, рубоиёт ва таърихи омӯзиши осори Маҳастиро фаро мегирад.
Соли 2025 таҳқиқоти мазкур бо номи «Маҳастӣ: Рӯзгор ва осор» дар Эрон низ нашр гардид. Китоб тавассути нашриёти «Хирадгон» ба дасти хонандагони эронӣ расида, барои муаррифии дастовардҳои маҳастишиносии тоҷик берун аз кишвар аҳамияти хос пайдо кард.
Матлубаи Мирзоюнус дар пажӯҳишҳои худ на танҳо осори Маҳастиро таҳлил кардааст, балки таърихи маҳастишиносӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигарро низ мавриди баррасӣ қарор дода, назарҳои шарқшиносону адабиётшиносони гуногунро муқоиса ва арзёбӣ намудааст.
Таҳқиқи рӯзгор ва осори занони суханвари форсу тоҷик яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмии Матлубаи Мирзоюнус мебошад. Ӯ дар силсилаи «Хубони порсигӯй» дар бораи Робиаи Балхӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Маҳастии Хуҷандӣ ва Гулрухсор рисолаҳои алоҳида таълиф карда, ҳамчунин оид ба Зебунисо, Нодира, Мастураи Курдистонӣ, Парвини Эътисомӣ, Симини Беҳбаҳонӣ ва дигар суханварони зан пажӯҳишҳои зиёде анҷом додааст. Ҳамчунин, Матлубаи Мирзоюнус дар масъалаҳои сабкшиносӣ, нақди адабӣ, адабиёти муосири тоҷик, тарҷума ва робитаҳои адабӣ низ асарҳои илмӣ таълиф кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *