Пахши аксҳои бадахлоқона. Пулиси Душанбе амали чанд донишҷӯву хонандаро ошкор кард

Пулиси Душанбе аз ошкори амали як гурӯҳ ҷавонону ноболиғон хабар дод, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои бадахлоқона паҳн намуда, ҳамчунин бо пахши мустақими наворҳо тартиботи дохилии муассисаҳои таълимро вайрон мекардаанд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рӯзи 22-юми октябо бо нашри наворе гуфт, “як қатор хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои риоя накардани тартиботи дохилии муассиса, мунтазам халалдор сохтани раванди таълим ва итоат накардан ба амру супоришҳои омӯзгорон муайян ва ба раёсат дастрас карда шуданд”.

Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки донишҷӯён Зоҳир Зайдуллозода, Исроил Саидов, Масрур Соҳибназаров, Исроил Ниёзмадов ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ Шоҳзамон Зокиров, Аъзам Шарипов, Салмон Худоёров мунтазам тариқи телефонҳои мобилияшон  дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахши мустақим анҷом дода, бо ин кирдорашон раванди дарсро халалдор мекардаанд.

Дар навори мақомоти пулис чанде аз онҳо  ба амалашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ мекунанд.

Мақомоти пулис мегӯяд, бархе ноболиғон барои бештар намудани шумораи обуначиёни худ дар шабакаҳо аксҳои бадахлоқона нашр мекардаанд. Раёсати ВКД дар Душанбе чунин кирдори ҷавонону ноболиғонро натиҷаи камтаваҷҷӯҳии волидон номида, аз падарону модарон даъват кардааст, нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд. Нисбати наврасону ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва волидон, бар асоси Кодекси маъмурӣ,  барои иҷро  накардани уҳдадориҳояшон санад тартиб дода шудааст.

Солҳои ахир чандин навори ҷавонону ноболиғон дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсҳо атрофи сатҳи ахлоқи насли наврас ё беназоратии волидон нисбати онҳон шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *