Тоҷике, ки “Ҳунарманди сулҳ”-и ЮНЕСКО шуд

Имрӯз, 22 октябр муҷассамасози маъруфи тоҷик Амриддин Аминов, ки дар ҷаҳони ҳунар бештар бо номи Амрӣ Аминов шинохта мешавад, 60-сола шуд.

Ӯ 22 октябри соли 1966 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, роҳи ҳунарро аз Тоҷикистон оғоз кард. Аминов дар Омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови Душанбе таҳсил намуда, баъдан дар Институти рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории ба номи Иля Репини Санкт-Петербург маҳорати худро такмил дод.

Ҷолиб аст, ки муҳаббати ӯ ба филиз ва пайкарасозӣ аз кӯдакӣ шакл гирифтааст. Худи рассом гуфтааст, ки падараш оҳангар буд ва ӯ пас аз дарс ба устохонаи падар мерафт.

Аз солҳои 1990 эҷодиёти Амрӣ Аминов дар Аврупо муаррифӣ гардид. Ӯ гуфтааст, ки аввалин намоиши осораш дар Аврупо соли 1992 дар Берлин баргузор шудааст. Аввалин муҷассамаи монументалии ӯ соли 2005 дар шаҳри Шомбурсии наздики Париж гузошта шуд.

Дар байни асарҳои маъруфи ӯ пайкараҳои шахсиятҳои фарҳанги тоҷику форс, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва балеринаи машҳури тоҷик Малика Собирова зикр мешаванд.

17 сентябри соли 2008 ЮНЕСКО Амрӣ Аминовро бо унвони фахрии «Ҳунарманди сулҳи ЮНЕСКО» сарфароз гардонд. Ин созмон саҳми ӯро дар тарғиби ғояҳои сулҳ ва таҳаммулпазирӣ тавассути санъат эътироф кардааст.

Асарҳои Амрӣ Аминов дар Париж, Берлин, Прага ва дигар шаҳрҳо ба намоиш гузошта шуда, дар осорхонаҳо ва коллексияҳои хусусии кишварҳои гуногун нигоҳдорӣ мешаванд.

PRESSA.TJ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *