Аз пояи муҷассама то саҳнаи Театри миллӣ

«Вақте нотаи аввал танин андохт, ман ҳис кардам, ки мусиқӣ дигар танҳо мансуб ба ман нест. Он мансуб ба мардум, миллат гашта буд».

Дар фасли «Дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ»-и китоби «Агар…» аз забони Толибхон Шаҳидӣ ин ҳарфҳо садо медиҳанд. Сухан аз 6-уми сентябри соли 1999 меравад. Рӯзе, ки ба ифтихори 1100-солагии давлати Сомониён дар майдони Исмоили Сомонии Душанбе, дар пояи пайкараи бунёдгузори он порчае аз операи «Амир Исмоил» танин андохт.

Акнун мусиқии ин опера 23 – юми октябр, соати 18:00, дар гала-консерти вокалию симфонии «Марвориднаво» дар Театри миллӣ садо хоҳад дод. Дар остонаи ин шом бозгашт ба он саҳифаи «Агар…» маънии хос пайдо мекунад: хотираи як рӯзи таърихӣ моро ба шунидани асар бо эҳсосу дарки дигар омода месозад.

Дар тасвири он рӯз майдон лабрези одамон аст. Ҳама гӯшу ҳуш ба оғози наво ҳастанд. Садои Бурҳон Маҳмадқулов, Миралӣ Достиев ва Низом Ҳамробоев дар фазои Душанбе танин меандозад. Толиб Шаҳидӣ ин лаҳзаро чунин эҳсос мекунад: «Овозҳо дар фазои майдон мепечиданд, ба санги муҷассама бармехӯрданд, ба осмон боло рафта, гӯё аз болои сари ҳазорон нафар фуруд меомаданд. Он рӯз ман худро на танҳо ҳамчун бастакор, балки ҳамчун фарзанди асили ин миллат эҳсос кардам. Ҳис мекардам, ки мусиқиам идомаи рисолате аст, ки падар ва садҳо бузургони дигар бо пешоҳангии устод Садриддин Айнӣ, интихоби Душанбе ҳамчун макони сукунат, маркази сиёсию фарҳангии эҳёи миллат оғоз карда буданд. Нафаси ҳазорҳо дил дар як фазо ба ҳам омехта, гӯё ба нафаси ягона табдил ёфта буд…».

Дар муколама шукӯҳи он рӯз бо масъулияти бастакор дар назди таърихи халқаш пайванд мехӯрад. Захмҳои ҷанг ҳанӯз тоза буданд ва давлат пояҳои худро устувор месохт. Қомат афрохтани муҷассама дар чунин замон ба мардум аз решаҳои давлатдориашон ёдрас мекард. Толибхон Шаҳидӣ дар ҳамин замина аз хидмати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани симои таърихии миллат ёд мекунад. Андешаи ӯ дар чанд ҷумла ҷамъбаст мешавад: «Дар чунин лаҳзаҳо ман хизмати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар меовардам. Бунёди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ танҳо сохтани як иншооти азим не, барқарор кардани симои таърихии миллат буд. Дар он солҳои душвор, вақте ки давлат ҳанӯз пояҳои худро устувор месохт, қомат афрохтани чунин муҷассама маънои наҷоти миллат аз парешониро дошт. Бо қомат афрохтани муҷассама миллат низ қомат рост кард. Гӯё муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба мардум мегуфт: «Шумо реша доред. Шумо соҳибдавлат ҳастед. Шумо ҳақи ифтихор доред…»».

Мусиқии «Амир Исмоил» ба ин эҳсос садо мебахшад. Дар муколама симои қаҳрамони опера ҳамчун инсоне тасвир мешавад, ки миёни қудрат ва виҷдон қарор дорад. «Давлатдорӣ масъулият аст. Танҳо касе, ки адолатро болотар аз қудрат мегузорад, метавонад давлат созад»,-мехонем дар идомаи он. Ин андеша шунавандаро ба олами ботинии қаҳрамоне мебарад, ки оғози масъулияти давлатдориро дар қалби инсон мебинад.

Дар ҳамин ҷо сухан ба пайванди наслҳо мерасад. Дар муколама мехонем: «Шумо ба калом ва мусиқӣ поя гузоштед. Мо бояд бо садо ва ҳунар онро устувор созем». Ин ҷумла муносибати бастакорро ба мероси гузашта равшан мекунад. Он чӣ наслҳои пешин бунёд кардаанд, дар эҷоди насли баъдӣ идома меёбад ва ба шунавандаи имрӯз мерасад.

Барномаи «Марвориднаво» барои чунин мулоқот бо осори Толибхон Шаҳидӣ фурсат фароҳам меорад. Дар ин шом симфонияи «Тоҷикон», мусиқӣ аз операи «Амир Исмоил» ва дигар асарҳои бастакори сатҳи ҷаҳонӣ иҷро мешаванд. Симфонияи «Тоҷикон», ки ба хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, дар барнома ҷойгоҳи хос дорад.

Асарҳо дар иҷрои оркестри симфонӣ, хори академӣ ва яккахонони опера таҳти роҳбарии дирижёри маъруф Хобарт Эрл садо хоҳанд дод. Дар консерт аҳли ҳунари Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок мекунанд.

Ҳамчунин, яккахонон Рустам Дулоев аз Тоҷикистон, Милла Вилотидевич аз Италия, Вероника Ҷиоева аз Русия ва Самир Абдуразоқов аз Шветсия ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ҳузури онҳо ба шунаванда имкон медиҳад, ки осори бастакорро дар тафсиру иҷрои овозҳои гуногун бишнавад.

Дар поёни муколамаи «Агар…» андешае омадааст, ки дар остонаи ин консерт боз ҳам шуниданист: «Садо метавонад хотираро бедор кунад, ҳунар метавонад иродаро устувор созад ва миллат танҳо вақте поянда мемонад, ки наслҳояш занҷири давомро нашикананд».

Он рӯз ин эҳсос дар майдони Исмоили Сомонӣ ба дили ҳазорон нафар роҳ ёфт. Шоми 23-юми октябр дар Театри миллӣ осори Толибхон Шаҳидӣ боз бо шунаванда рӯ ба рӯ мешавад.

Дар гала-консерти «Марвориднаво» асари «Республикаи ман»-и бастакори номдори тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов ва классикони мусиқии симфонӣ низ хотири тамошобинонро шод мегардонанд.

Шариф ҲАМДАМПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *