Дар Мастчоҳ имомхатибон кӯдакистон месозанд

Дар ноҳияи Мастчоҳи  вилояти Суғд дар назар аст, ки бо саҳми имомхатибон 8 кӯдакистон бунёд гардад.

Дар ин бора ба Pressa.tj аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дода, гуфтанд, ин масъала 21 октябр ҳангоми шиносоии Раҷаб Аҳмадзода,  раиси вилояти Суғд аз  ҷараёни корҳои ободонии иншооти соҳаи маориф  баррасӣ шудааст.

“Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси имомхатибони масҷидҳои ҷомеаи ноҳия дар назар аст, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳашт муассисаи таҳсилоти томактабӣ бунёд карда шавад. Лоиҳаҳои биноҳо омода гардида, ҷойи сохтмони онҳо муайян шудааст”-афзуд, манбаъ.

Ин муассисаҳо барои фарогирии 120 то 200 кӯдак пешбинӣ гардида, зимни таҳияи нақшаҳои сохтмонӣ талаботу меъёрҳои соҳавӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи кӯдакон ва зиёд намудани фарогирии онҳо ба таҳсилоти томактабӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар ҳукумати вилояти Суғд таъкид намуданд, ки бунёди чунин кӯдакистонҳо бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар самти ободониву созандагӣ ва рушди соҳаи маориф буда, раиси вилоят ин ташаббуси имомхатибонро намунаи саҳмгузории фаъолони ҷомеа дар татбиқи ҳидоятҳои сарвари давлат ва ободонии маҳал арзёбӣ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *