Фомуми «Хатлон инвест -2026» оғоз шуд

Имрӯз, 22 октябр дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии «Хатлон инвест -2026» оғоз гардид. Форуми мавриди назар ду рӯз давом хоҳад кард.

Ҳадафи асосии форуми байналмилалӣ муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ мебошад.

Дар рӯзи аввал намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор гардида, имкониятҳои иқтисодию сармоягузории минтақа муаррифӣ карда шуд.

Дар доираи форум баргузории се панели соҳавӣ дар мавзуъҳои «Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ», «Соҳаи саноат – омили асосии рушди иқтисодиёт ва заминаи мусоид барои сармоягузорон» ва «Истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва логистика» пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди инфрасохтори логистикӣ ва тавсеаи содироти маҳсулоти ватанӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар ҷараёни форум мулоқотҳои мустақими соҳибкорону сармоягузорон дар шакли B2B ва маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои сармоягузорӣ дар назар аст.

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои сармоягузории ватанию хориҷӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок доранд.

Дар рӯзи дуюми форум, иштирокчиён тибқи барнома ба шаҳри Норак сафар намуда, дар Фестивали «Анор» иштирок мекунанд. Ҳамчунин, боздид аз минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» тибқи дархост пешбинӣ шудааст.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» барои муаррифии иқтидори иқтисодии вилояти Хатлон, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, ҷалби сармояи нав ва рушди устувори иқтисодии минтақа заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *