Нависанда ва рӯзноманигор Ғайрат Ҳаким даргузашт
Ғайрат Ҳаким, нависандаи шинохтаи асарҳои детективӣ ва рӯзноманигори собиқадори тоҷик, ки солҳои зиёд хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар вилояти Суғд буд, дар синни 79 – солагӣ аз олам даргузашт.
Дар ин бора пайвандони нависанда ба Pressa.tj хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки нависанда чанд соли охир бемор буд. Маросими ҷанозаи Ғайрат Ҳаким, имрӯз 22 октябр, соати 14:00 дар деҳаи Нофароҷи шаҳри Истаравшан баргузор мешавад.
Ғайрат Ҳаким 18-уми июли соли 1947 ба дунё омадааст. Ӯ факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, фаъолияти рӯзноманигории худро дар матбуоти вилояти Суғд оғоз намудааст. Солҳо дар рӯзномаи «Зарбдор»-и ноҳияи Зафаробод ва рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» кор кардааст. Баъдан фаъолияти ӯ дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон», «Крим-инфо», «Оила» ва «Рекламная газета» идома ёфтааст. Ғайрат Ҳаким як муддат сармуҳаррири рӯзномаи «Ривоят-Версия»-и Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд низ будааст.
Номи Ғайрат Ҳаким барои хонандаи тоҷик, пеш аз ҳама бо насри детективӣ пайванд дорад. Ӯ муаллифи қиссаву ҳикояҳои «Муждаи сир», «Сиришки сурур», «Дод аз дасти фалак», «Тирамоҳи вопасин», «Дар роҳи адолат», «Гирдоб», «Интиқом» ва дигар асарҳо мебошад. Романҳои сегонаи «Ахтари рахшон», «Байни обу оташ», «Ганҷ дар вайрона» ва романи «Ҳукми бадтар аз марг» аз осори шинохтаи ӯ ба ҳисоб мераванд.
Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи pressa.tj ба наздикону пайвандони Ғайрат Ҳаким изҳори ҳамдардӣ баён мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ