БОР ба сохтмони “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо карданист
Бонки Осиёии Рушд (БОР) аз имкони маблағгузорӣ ба тарҳи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” хабар дода, гуфтааст, ҷудо намудани 500 миллион долларро барои бунёди ин иншоот пешбинӣ мекунад.
Ин масъала дар мулоқоти Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва БОР дар шаҳри Бангкоки Таиланд садо додааст.
Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ масъалаи иштироки ҳар ду ниҳоди байналмилалии молиявӣ дар маблағгузории «Роғун» ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо барои татбиқи саривақтии тарҳи мазкур баррасӣ гардидаанд.
“Қайд карда шуд, ки Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории лоиҳа ҷудо намудани 500 миллион доллари ИМА, аз ҷумла 200 миллион доллар дар шакли грант ва 300 миллион доллар ҳамчун қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд”-, навиштааст манбаъ.

Мулоқоти ҷонибҳо бо ҳузури вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, масъулони ниҳодҳои молӣ, аз ҷумла ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби президенти БОР Вемпи Сапутра сурат гирифтааст.
То ҳол барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ, шарикони рушди Тоҷикистон ҳам миллионҳо доллар ҷудо кардаанд. Бонки Ҷаҳонӣ соли 2024 барои сохтмони “Роғун” 350 миллион доллар грант ё қарзи бебозгашт ҷудо карда буд.
Сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар дарёи Вахш ҳанӯз замони шӯравӣ оғоз ёфта буд, вале бо далели ҷанги шаҳрвандӣ бунёди тарҳ ба таъхир уфтод. Соли 2008, вақте иҷрои тарҳи нерӯгоҳ оғоз гардид, арзиши он 3 миллиард доллар гуфта мешуд, вале ҳоло бештар аз 6 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Қаблан дар Вазорати энергетика яке аз сабабҳои афзоиши арзиши тарҳро ба бозбинӣ шудани арзиши баъзе кору хидматрасониҳо пайванд доданд.
“Роғун” аз бузургтарин тарҳи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар он дар маҷмуъ насби 6 чарха ё агрегат дар назар аст, ки ҳар кадоме аз он 600 МВт пешбинӣ шудааст. То имрӯз ду чархаи нерӯгоҳ фаъол гардидааст. Қарор аст чархаи сеюми он моҳи сентябри соли 2027 ба кор дарояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ