Гулҳои миллӣ дар ҷаҳон. Тоҷикистон танҳо нест
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми октябри соли 2026 гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш ҳамчун гулҳои миллии кишвар эълон шуданд. Ҳукумат вазифадор шудааст, ки барои тарғиб ва муаррифии ин гулҳо дар чорабиниҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ тадбир андешад. Оё чунин таҷриба дар ҷаҳон ҳаст? Дигар кишварҳо ҳам оё гули миллӣ доранд?
Бале, чунин таҷриба дар ҷаҳон ҳаст.
Яке аз намунаҳои ҷолиб Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Соли 1986 Конгресси ИМА садбаргро ҳамчун «рамзи миллии гулӣ» – National Floral Emblem пазируфт ва аз Президент хост, ки ин мақомро бо эъломияи расмӣ тасдиқ намояд. Дар муҳокимаи Конгресс махсус таъкид мешуд, ки гули миллӣ дар баробари парчам метавонад яке аз рамзҳои иловагии давлат бошад.
Дар Мексика ҳам ин таҷриба мавҷуд аст. Далия (кавкаб) соли 1963 бо фармони президенти ин кишвар гули миллии кишвар эълон шудааст. Ҳукумати Мексика мегӯяд, ин интихоб бо ҷойгоҳи ин гул дар табиат, фарҳанг ва ҳатто тибу ғизои анъанавии мардуми кишвар вобаста буд.
Дар Австралия аксияи тилоӣ – Golden Wattle соли 1988 расман гули миллии кишвар эълон гардид. Ин гул баъдан ба унсури фаъоли ҳувияти давлатӣ табдил ёфт: дар нишони давлатии Австралия тасвир шудааст, рангҳои сабзу тилоии он бо рангҳои миллии кишвар пайванд доранд ва 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи миллии акасияи тилоӣ таҷлил мегардад.
Дар баъзе кишварҳо мақоми гули миллӣ ҳатто дар Конститутсия сабт шудааст. Масалан, дар моддаи 9-и Конститутсияи Непал рододендрони сурх – лалигуранс гули миллии кишвар эътироф шудааст. Дар ҳамон модда ранги миллӣ, ҳайвони миллӣ ва парандаи миллӣ низ муайян шудаанд.
Дар Бангладеш низ гули «шапла» – як навъи нилуфари обӣ мақоми конститутсионӣ дорад. Ҷолиб он аст, ки худи нишони давлатии Бангладеш дар атрофи ҳамин гули миллӣ сохта шудааст.
Малайзия низ ин таҷрибаро дорад. Гули гибискус 28-уми июли соли 1960 аз ҷониби Сарвазири онвақта Тунку Абдулраҳмон гули миллӣ эълон шудааст. Пеш аз интихоби он ҳафт навъи гул пешниҳод шуда, ҳатто назарсанҷӣ анҷом ёфтааст. Дар интихоби ниҳоӣ омилҳое чун шинохташаванда будани гул, рангу шакли ҷолиб, паҳншавии васеъ дар кишвар ва надоштани мақоми гули миллии давлати дигар ба назар гирифта шудаанд.
Дар Сингапур орхидеяи машҳури Vanda Miss Joaquim соли 1981 аз миёни тақрибан 40 номзад интихоб шуд. Сабаби интихоб танҳо зебоӣ набуд, балки тобоварӣ, шукуфтани пайваста ва мутобиқшавии он ба иқлим ҳамчун ифодаи «рӯҳи Сингапур» ба назар гирифта шудааст.
Дар Кореяи Ҷанубӣ «мугунгҳва» – Rose of Sharon гули миллӣ аст. Вазорати корҳои дохилӣ ва амнияти Корея мегӯяд, ин гул ҳанӯз аз замонҳои қадим дар фарҳанги кишвар мавқеи хос дошта, пас аз истиқлол ба таври табиӣ ҳамчун рамзи миллӣ пазируфта шуд. Имрӯз тасвири он дар нишони Президент, нишони вакилон ва рамзҳои баъзе ниҳодҳои давлатӣ дида мешавад.
Дар Бутан гули кабуди кӯҳӣ (Blue Poppy) гули миллӣ аст.
Шри-Ланка низ нилуфари кабуди обиро ҳамчун гули миллӣ муаррифӣ мекунад. Ин маълумот дар манбаъҳои расмии дипломатии кишвар дар қатори дарахт, паранда ва дигар рамзҳои миллӣ оварда шудааст.
Пас, таҷрибаи Тоҷикистон истисно нест. Баръакс, давлатҳо аз гулҳои миллӣ барои чанд ҳадаф истифода мекунанд: таҳкими ҳувияти миллӣ, муаррифии табиати кишвар, дипломатияи фарҳангӣ, сайёҳӣ, тарбияи экологӣ ва эҷоди рамзҳои шинохташаванда дар арсаи байналмилалӣ.
Хусусияти Тоҷикистон дар он аст, ки якбора ду гул – Лола ва Сиёҳгӯш мақоми миллӣ гирифтаанд. Ин интихоб метавонад ба гуногунии табиӣ ва мероси фарҳангии кишвар ишора кунад. Агар минбаъд ин рамзҳо на танҳо дар санад, балки дар намоишгоҳҳо, боғҳо, чорабиниҳои байналмилалӣ, маҳсулоти сайёҳӣ, тарроҳии шаҳрӣ ва барномаҳои фарҳангӣ истифода шаванд, метавонанд ба яке аз нишонаҳои шинохташавандаи Тоҷикистон табдил ёбанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ