ВКД минбаъд номи фолбинону ҷодугаронро ба феҳристи махсус ворид мекунад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон минбаъд ному насаби  “фолбинону сеҳру ҷодугарон”-ро дар махзан ё феҳриcти махсус ворид мекунад. Ҳадаф аз ин иқдом, пешгирӣ аз хурофотпарастӣ гуфта мешавад.

ВКД, рӯзи 21-уми октябр тариқи  саҳифаи фейсбукии худ иттилоъ додааст, ки “бо мақсади пешгирии хурофотпарастӣ, фолбинӣ, сеҳру ҷоду ва дигар кирдорҳои мардумфиребӣ дар махзани махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ному насаби фолбинон, сеҳру ҷодугарон, нимчамуллоҳои дайду, фоҳишаҳо, мизоҷон ва наздикони онҳо, нашъамандон, инчунин дигар шахсони ба ин амалҳо алоқаманд гузошта шуда, онҳо зери назорати доимӣ қарор дода мешаванд”.

Ба таъкиди ин ниҳод, ҳангоми дархости сохторҳои дахлдор дар ин бора маълумот пешниҳод карда мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ аз сокинон даъват кардааст, аз чунин афрод дурӣ ҷӯянд, то ба қайдҳои махсус наафтода, номи худро пеши фарзандон доғдор накунанд.

Мақомоти милиса борҳо аз боздошти фолбину ҷодугарон  хабар додааст ва нисбати онҳо ва муштариёнашон  муҷозот ҳам  пешбинӣ шудааст. Вале даст задан ба чунин кирдор ҳанӯз идома дорад. Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон 604 нафар фолбину ҷодугарро боздошт кардаанд.




Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *