Дар Тоҷикистон нақшаи пардохти андозҳо барзиёд иҷро шуд
Кумитаи андози Тоҷикистон аз барзиёд иҷро шудани нақшаи пардохти андозҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод, дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 124,4 дарсад таъмин гардид.
Аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 26 миллиарду 600 миллион сомонӣ ворид гардида, ин омор нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 5 миллиарду 213 миллион сомонӣ зиёд будааст.
Манбаъ мегӯяд, “дар давраи ҳисоботӣ шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 4,6 ҳазор адад зиёд карда шуда, айни замон ҳамаи субъектҳои хоҷагидори тибқи муқаррароти Кодекси андоз ҳисоботдиҳанда эъломия ва ҳисоботи худро ба мақомоти андоз пурра ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд”.
Кумитаи андоз таъкид намудааст, аз ҷониби ин ниҳод тавассути модулҳои барномаи компютерӣ ба андозсупорандагон зиёда аз 60 хидматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назар аст, соли 2026 ин ниҳод боз 11 намуд хидматрасонии нави давлатиро дар шакли электронӣ роҳандозӣ кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ