Роҳбари ширкати «Себистон» – ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» (видео)

Роҳбари ширкати “Себистон” Саид Холов дар озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи сохтмон» сазовори ҷойи аввал гардид. Ин дастовард фаъолияти чандинсолаи ширкатро дар бунёди иншооти замонавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги шаҳрсозӣ бозгӯ мекунад.

Маросими қадрдонии ғолиби озмун 14 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» баргузор гардид. Ҷоиза аз ҷониби намояндагони сохторҳои давлатии кишвар тақдим гардида, ба фаъолияти пурсамари ширкат ва саҳми он дар рушди соҳаи сохтмону шаҳрсозии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки ширкати “Себистон” тайи солҳои фаъолият яке аз ширкатҳои шинохтаи сохтмонии кишвар гардидааст. Ширкати мазкур аз соли 2017 ба сохтмони маҷмааҳои истиқоматӣ ва тиҷоратӣ машғул аст.

Яке аз лоиҳаҳои бузург ва шинохтаи “Себистон” дар пойтахт маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалии GRAND RUDAKI TOWER мебошад. Тибқи тарҳ, меҳмонхонаи панҷситорадори ин маҷмаа аз 24 ошёна ва 141 ҳуҷра иборат аст. Дар паҳлуи он ду бинои 18-ошёнаи апартаментҳои резиденсӣ пешбинӣ шудаанд. Дар тарҳи маҷмаа ҳамчунин тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, толорҳои маҷлис, маркази фароғатии кӯдакон, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои варзишӣ, SPA, дафтарҳои корӣ ва таваққуфгоҳи чорошёна ҷой дода шудаанд.

Лоиҳаи дигари «Себистон» дар ноҳияи Сино бунёди биноҳои 22 ва 24-ошёна, марказҳои савдову хизматрасонӣ, таваққуфгоҳи зеризаминии на кам аз сеқабата, амбулаторияи тибби оилавӣ, мактаб барои 720 хонанда ва кӯдакистон барои 300 ҷойро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории Душанбе ширкат маҷмааи истиқоматии чандблокаро амалӣ мекунад. Тарҳи он биноҳои 8 ва 9-ошёна, марказҳои савдову хизматрасонӣ, таваққуфгоҳ ва муассисаи таълимии хусусӣ барои 600 хонандаро дар бар мегирад.

Ин ҳама нишон медиҳад, ки фаъолияти “Себистон” танҳо бо сохтмони биноҳои истиқоматӣ маҳдуд намешавад. Ширкат дар тарҳҳои худ манзил, меҳмонхона, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тандурустӣ, таваққуфгоҳ, фазои тиҷоратӣ ва дигар унсурҳои инфрасохтори шаҳриро ба ҳам мепайвандад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *