Бемориҳои ғайрисироятӣ. Ҳушдори коршиносон дар Душанбе
Саратон метавонад 15-25 сол пеш аз ташхис оғоз ёбад ва фишори баланди хун солҳо бидуни нишона боқӣ монад. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва ташхиси барвақти бемориҳои ғайрисироятӣ бояд пеш аз зуҳури нишонаҳои онҳо оғоз шаванд. Ин нукта зимни ҳамоиши байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Тандурустии ҷаҳонӣ дар асри XXI: идоракунии омилҳои хавфи бемориҳои ғайрисироятӣ ва роҳҳои муосири пешгирии онҳо дар асоси далелҳои илмӣ», ки 15-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, садо дод.
Нигаронӣ
Дар ҳамоиш коршиносон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Фаронса роҳҳои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, ташхиси барвақт, тағйири тарзи зиндагӣ ва нақши давлатро дар ҳифзи саломатии аҳолӣ баррасӣ карданд. Ҳамоиш бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо дастгирии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ба саломатӣ» баргузор гардид. Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ зимни суханронӣ таъкид кард, ки саломатӣ яке аз омилҳои муҳими рушди сармояи инсонӣ мебошад. Аммо ҳифзи он танҳо дар сурати фароҳам будани шароити зарурӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба таҳсил, ҳифзи иҷтимоӣ, маблағгузории муносиб ва имкониятҳои пешбурди тарзи ҳаёти солим самараи бештар медиҳад.

«Дар даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон низоми тандурустӣ ба тағйироти назаррас рӯ ба рӯ шуда, технологияҳои муосир дар ин соҳа тадриҷан ҷорӣ гардиданд. Имрӯз заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, ки дар асоси он барои такмили хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд»,- гуфт Мавсума Муинӣ.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидмуқим Ибодзода дар такя ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) зикр кард, ки соли 2021 бемориҳои ғайрисироятӣ дар саросари ҷаҳон сабаби марги тақрибан 43 миллион нафар гардидаанд. Ин рақам тақрибан аз чор се ҳиссаи фавтҳоеро ташкил медиҳад, ки ба пандемия вобаста набуданд. Ҳамзамон, тақрибан 18 миллион нафар аз ин бемориҳо пеш аз расидан ба синни 70-солагӣ фавтидаанд. Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар Тоҷикистон низ нигаронкунанда аст.
«Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, соли 2021 тақрибан 57 фоизи ҳамаи ҳолатҳои фавт дар Тоҷикистон ба бемориҳои ғайрисироятӣ рост омадааст. Дар байни сабабҳои асосии фавт бемориҳои дилу рагҳо, аз ҷумла бемории ишемиявии дил ва сактаи мағзи сар, ҳам дар байни занон ва ҳам дар байни мардон ҷойгоҳи назаррас доранд»,- изҳор дошт Ибодзода.

Таъкид гардид, ки ин нишондиҳандаҳо зарурати пурзӯр намудани тадбирҳои пешгирикунанда, сари вақт муайян кардани омилҳои хавф ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро бештар мекунад.
Пешгирӣ бояд хеле пештар оғоз шавад
Духтури саратоншинос, профессор аз Париж Давид Хаят қайд кард, ки бо зиёд шудани шумораи одамони ба синни калонсолӣ расида, бемориҳои музмин низ бештар паҳн мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, муқоисаи вазъи Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвар аз рӯйи баъзе нишондиҳандаҳо ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ нисбатан наздик аст.
«Давомнокии умри солим дар Тоҷикистон тақрибан 62,5 солро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, одамон ба ҳисоби миёна баъди ин синну сол боз ҳудуди 9,3 сол бо бемориҳои музмин зиндагӣ мекунанд. Ин фарқият нишон медиҳад, ки танҳо зиёд кардани давомнокии умр кофӣ нест. Муҳим аст, ки инсон то чӣ андоза солим умр ба сар мебарад»,- таъкид дошт профессор Давид Хаят.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, саратон, диабет ва бемориҳои музмини роҳҳои нафас аз сабабҳои асосии маъюбӣ ва фавти бармаҳал ба ҳисоб мераванд. Аммо мубориза бо онҳо танҳо вазифаи табибон нест. Ба саломатии инсон ғизо, муҳити зист, тарзи зиндагӣ, фаъолияти ҷисмонӣ, сатҳи маърифати тиббӣ метавонанд таъсир расонанд.
Тағйир додани рафтор мушкил, аммо…
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки одамон на ҳамеша аҳаммияти тавсияҳои тиббиро дарк мекунанд ва на ҳама омодаанд аз одатҳои дорои хавф даст кашанд. Ин мушкилотро муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-амалии пулмонология ва физиотерапияи Беларус оид ба корҳои илмӣ Дмитрий Рузанов аз дидгоҳи равонӣ ва рафторӣ шарҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳатто огоҳ будан аз зарари тамокукашӣ барои даст кашидан аз ин одат кофӣ нест. Омилҳое чун одатҳои дерина, стресс, монеаҳои равонӣ ва боварии нодуруст ба он ки оқибатҳои манфӣ ба худи шахс таъсир намерасонанд, метавонанд тағйири рафторро душвор созанд.
«Хусусан, вақте сухан дар бораи тавсияҳои қатъӣ, ба монанди “тамокукаширо бас кунед, вагарна мемиред” меравад. Имрӯз мо дарк мекунем, ки чунин муносибат на ҳамеша натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Бояд эътироф кунем, ки низоми муосири тандурустӣ бештар ба ташхис ва табобат равона шудааст, на ба пешгирии бемориҳо. Аз ин рӯ, зарур аст, ки модели мавҷудаи ҳамкорӣ бо беморон бозбинӣ шавад»,- изҳор дошт номбурда.
Ба таъкиди коршиносон, табиб бояд на танҳо тавсия диҳад, балки ба бемор дар тағйир додани рафтор ва ташаккули одатҳои солим низ кумак расонад.
Вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ – мушкили рӯ ба афзоиш
Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон оид ба бемориҳои дил ва номзади илмҳои тиб Адолат Нарзуллоева дар бораи тағйирёбии омилҳои хавф дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод кард. Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар як ҳолати ғайримунтазир мушоҳида мешавад. Баъзе омилҳои рафтории хавф коҳиш ёфтаанд, вале омилҳои метаболикӣ рӯ ба афзоиш доранд. Масалан, истеъмоли машрубот кам шуда, нишондиҳандаҳои камҳаракатӣ низ то андозае беҳтар гардидаанд. Бо вуҷуди ин, тақрибан чоряки аҳолӣ ҳанӯз аз камфаъолиятии ҷисмонӣ ранҷ мебаранд. Нигаронии бештар ба вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ рабт дорад.

Ба гуфтаи Адодат Нарзуллоева, агар афроди дорои вазни зиёдатӣ ва гирифтори фарбеҳӣ якҷо ҳисоб карда шаванд, ин нишондиҳанда тақрибан нисфи аҳолиро фаро мегирад. Ҳамчунин, афзоиши фарбеҳӣ, сатҳи баланди холестерин ва гипергликемия, яъне баланд шудани миқдори қанд дар хун ба қайд гирифта шудааст.
Танҳо 11 дарсад фишори хуни худро назорат мекунанд
Яке аз рақамҳои ташвишоваре, ки дар ҳамоиш пешниҳод шуд, ба назорати фишори хун рабт дошт. Ба гуфтаи Адолат Нарзуллоева, танҳо 11 дарсади аҳолӣ фишори артериалии худро назорат мекунанд. Ҳамзамон, шумораи афроде, ки фишори баланди хун доранд, вале табобати зарурӣ намегиранд, зиёд арзёбӣ шудааст. Вазъ дар байни мардон нигаронкунандатар будааст. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, 83 дарсади мардони гирифтори гипертония табобат намегиранд. Занҳо бошанд, аз фарбеҳӣ азият мекашанд. Фишори баланди хун метавонад муддати тӯлонӣ бидуни нишона боқӣ монад. Аз ин рӯ, чен кардани мунтазами фишори хун ва муроҷиати саривақтӣ ба табиб аз роҳҳои муҳими пешгирии оризаҳои вазнин, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо ва сактаи мағзи сар ба ҳисоб мераванд.
Ташхиси барвақти саратон ва аҳаммияти скрининг
Масъалаи дигаре, ки дар ҳамоиш баррасӣ гардид, пешгирӣ ва ташхиси барвақти бемории саратон буд. Тибқи маълумоти таҳқиқоти STEPS, ки дар чорабинӣ пешниҳод шуд, 87 дарсади занон ҳеҷ гоҳ барои ошкори саратони гарданаки бачадон аз муоина нагузаштаанд. Коршиносон таъкид карданд, ки ошкор шудани беморӣ дар марҳалаҳои аввал имкони табобати муваффақро бештар мекунад. Дар Тоҷикистон ваксинатсия бар зидди вируси папилломаи инсон низ ҷорӣ шудааст. Дар ҳамоиш зикр шуд, ки фарогирии духтарон бо ин ваксина натиҷаҳои мусбат нишон медиҳад. Бо вуҷуди ин, эмгузаронӣ бояд бо чораҳои дигари пешгирикунанда, аз ҷумла густариши скрининг, ташхиси барвақт ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ пурра карда шавад.

Масъулияти муштарак
Яке аз мавзуҳои баҳсбарангези ҳамоиш консепсияи коҳиши зарар буд. Иштирокдорони ҳамоиш зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои амалии кам кардани таъсири омилҳои хавфро баррасӣ карданд. Дар ин замина, яке аз баромадкунандагон масъалаи коҳиши зарари вобаста ба истеъмоли тамокуро матраҳ намуда, ба нақши навовариҳои технологӣ ишора кард. Гуфта шуд, ки никотин сабаби мустақими саратон нест. Маҳз никотин вобастагӣ ба тамокукаширо ба вуҷуд меорад. Ҳангоми сӯхтани тамоку дуд ва моддаҳои зараровар, аз ҷумла пайвастагиҳои кансерогенӣ ҳосил мешаванд. Дар сурати гарм кардани тамоку то ҳарорати камтар аз 350 дараҷаи Селсия, ба ҷойи дуд аэрозол ба вуҷуд меояд, ки метавонад миқдори баъзе моддаҳои зарароварро дар муқоиса бо дуди сигорҳои маъмулӣ коҳиш диҳад. Бо вуҷуди ин, кам шудани миқдори баъзе моддаҳои зараровар маънои безарар будани маҳсулоти тамокудорро надорад. Никотин вобастагӣ ба вуҷуд меорад ва истифодаи маҳсулоти дорои тамоку ё никотин метавонад ба саломатӣ хатар дошта бошад.
Нуктаи меҳварии ҳамоиш ин буд, ки бемориҳои ғайрисироятӣ аксаран дар муддати тӯлонӣ инкишоф меёбанд ва то замони пайдо шудани нишонаҳо метавонанд ба саломатии инсон таъсири ҷиддӣ расонанд. Аз ин рӯ, пешгирии онҳо набояд танҳо баъд аз ташхис оғоз шавад. Назорати мунтазами фишори хун, ғизои солим, фаъолияти ҷисмонӣ, даст кашидан аз одатҳои зараровар, эмгузаронӣ ва ташхиси барвақт аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки метавонанд хавфи бемориҳои ғайрисироятиро коҳиш диҳанд. Коршиносон таъкид карданд, ки барои расидан ба натиҷаи устувор ҳамкории табибон, ниҳодҳои давлатӣ ва худи аҳолӣ зарур аст.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ