Эътироз дар Фаронса. Донишҷӯ бар асари таркиши норинҷаки полис дасташро аз даст дод
Дар шаҳри Сент-Этйени Фаронса ҳангоми баргузории эътирозҳо як донишҷӯ бар асари таркиши норинҷаки истифодакардаи пулис аз дасташ маҳрум шудааст.
Ҳуқуқшиноси ҷабрдида алайҳи корманди пулисе, ки норинҷакро партофтааст, инчунин нисбат ба Лоран Нунес, масъули Вазорати корҳои дохилии Фаронса шикоят пешниҳод кардааст. Дар ин бора рӯзномаи «Le Figaro» бо истинод ба хабаргузории «Agence France-Presse» хабар додааст.
Дар шикоят нисбат ба корманди пулис гуфта мешавад, ки амали ӯ метавонад ҳамчун зӯроварии қасдан содиршуда бо оқибатҳои вазнин, истифодаи силоҳ ва сӯиистифода аз мақоми хизматӣ арзёбӣ гардад.
Ҳамзамон, нисбат ба масъули Вазорати корҳои дохилии Фаронса низ бо гумони ҳамдастӣ шикоят пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи ҷониби ҷабрдида, ӯ барои истифодаи воситаҳои махсус, аз ҷумла норинҷакҳо дастур додааст.
Вакили ҷабрдида Ёсин Бузру изҳор доштааст, ки тафтишот бояд навъи норинҷаки истифодашуда, тарзи ба кор бурдани он ва ҳолатҳои дақиқи рух додани ҳодисаро муайян кунад.
Тафтиши қазия ба зиммаи полиси Фаронса вогузор шудааст.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни таҳқиқ қонунӣ будани истифодаи воситаи махсус ва масъулияти эҳтимолии шахсони дахлдор муайян карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ