Пардабардорӣ аз нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд (аксҳо)

Субҳи имрӯз, 21-уми октябр дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» аз нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов – ходими давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон, собиқ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахустин Президенти Тоҷикистон парда бардошта шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Дар маросими пардабардорӣ раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Хуҷанд, намояндагони мақомоти давлатӣ, собиқадорони меҳнат, аҳли зиё, шахсиятҳои маъруфи кишвар ва пайвандону наздикони Қаҳҳор Маҳкамов иштирок карданд.
Зимни маросим аз фаъолияти давлатӣ ва сиёсии Қаҳҳор Маҳкамов, саҳми ӯ дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва фаъолияти чандинсолаи ӯ дар вазифаҳои роҳбарикунанда ёдоварӣ шудааст.

Қаҳҳор Маҳкамов 16-уми апрели соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми Донишкадаи кӯҳкории Ленинград фаъолияти меҳнатиашро дар соҳаи саноати кӯҳӣ оғоз кардааст. Ӯ дар вазифаҳои муҳандисӣ ва роҳбарии корхонаҳои саноатӣ фаъолият намуда, баъдан ба корҳои давлатӣ ва ҳизбӣ ҷалб гардид.  
Маҳкамов солҳои 1985-1991 Котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд. Соли 1990 Раиси

Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардида, моҳи ноябри ҳамон сол нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Ӯ то моҳи августи соли 1991 дар ин вазифа фаъолият кард.

Қаҳҳор Маҳкамов баъди канор рафтан аз сиёсат солҳои зиёд ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолият дошт. Ӯ 8-уми июни соли 2016 дар синни 84-солагӣ даргузашт.  

Насби нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» ба гиромидошти хотираи ӯ ва муаррифии шахсиятҳои маъруфи зодаи ин шаҳр равона шудааст.

Майдони «Ситораҳои Хуҷанд» аз ҷумлаи маконҳое мебошад, ки дар он нимпайкара ва ёдмонҳои шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанг, адабиёт, сиёсат ва ҷомеаи Тоҷикистон гузошта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *