Тафсилоти рабудани тифли навзод аз таваллудхонаи №1 – и Душанбе

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар як гузориши видеоӣ тафсилоти рабуда шудани тифли навзодро аз таваллудхонаи №1 – и пойтахт расонаӣ кард.

Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Зарина Саймудинова, сокини 26-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дастгир шуд. ӯ  дар содир намудани ҷинояти одамрабоӣ гумонбар дониста мешавад.

“Тифли навзод аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сиҳату саломат пайдо гардида, ба оғӯши гарми модари худ баргардонида шуд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ тибқи талаботи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *