Боздошти директор бо гумони қаллобӣ ба маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти роҳбари як ширкати сохтмонӣ хабар дод, ки ба қаллобӣ дар ҳаҷми беш аз 4 миллион сомонӣ гумонбар мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, зимни санҷиш муайян  гардидааст, ки “Рустам Азимзода, директори ҶДММ «Раҳмон 2016»  бо роҳи фиреб, бо ваъдаи бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан, маблағи  шаҳрвандонро гирифта, онҳоро фиреб дода, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”. 

Пулиси Душанбе таъкид намудааст, ки айни ҳол  зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ  беш аз 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, нисбати директори  «Раҳмон 2016» бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз  шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Назари боздоштшуда ба ин иттиҳом барои расонаҳо маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки мақомот аз қаллобии баъзе роҳбарони  ширкатҳои сохтмонӣ ва зиёни сокинон хабар медиҳад. Дар Тоҷикистон, аз ҷумла  дар шаҳри Душанбе, ки сохтмони хонаҳо авҷ гирифтааст, баҳси ширкатҳои бинокор ва сокинон ҳам бештар ба назар мерасад.

Ба иттилои  Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, дар шаш моҳи соли 2026 дар сохтмони беш аз ҳазору сад бино дар Тоҷикистон 3700 камбудӣ ошкор шуда, 90  нафарро дар умум беш аз 300 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *