Аз мубориза бо терроризм то ҳалли осоиштаи низоъҳо
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲШ чӣ гуфт?
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) масъалаҳои амният, иқтисоду тиҷорат ва тақвияти нақши ин созмонро баррасӣ кард.
Мулоқоти Президент бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲШ, ки барои ширкат дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо ба Душанбе омадаанд, рӯзи 20-уми октябр сурат гирифт.
Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, дар ин вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи амният афзалият дода, тақвияти муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, таҳдидҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддирро зарур донистанд.
“Мо ба тақвияти минбаъдаи нақши Созмон дар таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва фазои эътимод дар тамоми самтҳои фаъолияти он манфиатдорем”, – изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли осоиштаи низоъҳо ва тақвияти нақши марказии ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Зарурати густариши тиҷорату сармоягузорӣ, рушди робитаҳои нақлиётӣ, агросаноатӣ, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои сабз ва тақвияти амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ аз мавзуҳоест, ки дар ин нишаст садо додаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рушди робитаҳои СҲШ, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва давлатҳои манфиатдорро муҳим хондааст.
“Аз Шуро даъват карда шуд, ки ба татбиқи қарорҳои дар сатҳи олӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ қабулшуда тавассути барномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххас мусоидат кунад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон татбиқи ислоҳотеро, ки ба рушди бахшҳои стратегии иқтисодиёт ва бахши хусусӣ, беҳтар кардани муҳити тиҷорат ва татбиқи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия нигаронида шудаанд, идома медиҳад”-навиштааст манбаъ.
Президенти Тоҷикистон ҷонибдории кишварро аз густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои технологияҳои инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ ва омода кардани мутахассисони баландихтисос таъкид намудааст.

Барои ширкат дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои СҲШ, Михаил Мишустин, раиси ҳукумати Русия, Олжас Бектенов, нахуствазири Қазоқистон, Доняр Амангелдиев, муовини якуми Раиси Девони вазирони Қирғизистон, Абдулло Орипов, нахуствазир Узбекистон, Александр Турчин, нахуствазири Беларус, Ли Сян, сарвазири Чин, Муҳаммадризо Ориф, муовини якуми президенти Эрон, Исҳоқ Дор, муовини сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон ва Раҷантх Сингх, вазири дифои Ҳиндустон ба Душанбе омадаанд.
Ин 25-умин ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои СҲШ аст. Ин созмон соли 2001 таъсис шуда, ҳоло аз 10 давлати аъзо – Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ибрат аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ