Даргузашти Нуралӣ Шоев, бунёдгузори нашрияи англисзабон ва сардабири маҷаллаи Вазорати корҳои хориҷӣ

Нуралӣ Шоев, рӯзноманигори шинохта, собиқ сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва сармуҳаррири маҷаллаи «Сиёсати хориҷӣ»-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон пас аз мубориза бо бемории саратон аз олам даргузашт.
 
Фаъолияти Нуралӣ Шоев соли 1985 ҳамчун хабарнигори рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», ҳоло «Адабиёт ва санъат»-и имрӯза оғоз шудааст. Баъдан ӯ дар Маркази илмию методии Вазорати маданияти Тоҷикистон ба ҳайси методисти калон фаъолият кардааст. Солҳои 1987-1988 ҳамчун тарҷумон дар Афғонистон кор карда, аз соли 1989 то 1992 маъмур ва сармаъмури Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ будааст.  

Солҳои 1993-1995 Шоев дар шаҳри Москва фаъолият карда, соли 1996 барои омӯзиши муносибатҳои байналмилалӣ ба Донишгоҳи Ню-Йорки ИМА рафтааст. Соли 1998 таҳсилро бо ихтисоси сиёсат ва дипломатия ба анҷом расонда, солҳои 1999-2006 ба ҳайси продюсери ширкати «Hollywood Video Production, Inc» фаъолият кардааст. Ҳамзамон, бо телевизионҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ABC, CNN, NBC ва FOX NEWS таҷрибаи ҳамкорӣ ва корӣ доштааст.

Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, аз соли 2006 дар телевизион фаъолияташро идома дод. Ӯ муаллиф ва барандаи барномаҳои «Тоҷикистон – хонаи ман», «Сайри олам», «Сайри меҳан», «Нобиғаҳои миллат» ва чанд барномаи дигар буд.

Номи Нуралӣ Шоев дар таърихи матбуоти англисизабони Тоҷикистон низ ҷойгоҳи хос дорад. Соли 2009 ӯ ҳафтаномаи англисзабони «Tajik Times»-ро таъсис дод ва сармуҳарририи онро ба уҳда гирифт. Нашрия бо ҳадафи муаррифии Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ таъсис ёфта, дар сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар марказҳо паҳн мешуд.

Фаъолияти минбаъдаи ӯ бештар ба соҳаи фарҳанг пайванд гирифт. Соли 2018 Нуралӣ Шоев муовини якуми директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъин гардид.  Баъдан ӯ роҳбарии Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба уҳда дошт.   

Солҳои охир Нуралӣ Шоев сармуҳаррири маҷаллаи «Сиёсати хориҷӣ» – нашрияи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *