Гилаи андозсупорандагон аз суръати интернет ба Кумитаи андоз
Кумитаи андози Тоҷикистон дар истифодаи хидматрасониҳои электронӣ чанд мушкилеро номбар кардааст, ки андозсупорандагон ба онҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Ин ниҳод гуфтааст, дар пай як таҳлил маълум гардид, ки сокинон ҳангоми истифодаи хидматрасониҳои электронӣ, дар баробари дигар масъалаҳо, сифати пасти интернетро ҳам мушоҳида кардаанд.
Дар ин бора “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии ин ниҳод аз ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи андоз, ки фаъолияти 9 моҳаи он баррасӣ шудааст, хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа таъкид шудааст, ки “таҳлили баҳогузории сифати хизматрасониҳои мақомоти андоз нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи бештари андозсупорандагону шаҳрвандон, асосан, ба паст будани суръати интернет барои сари вақт пешниҳод намудани эъломияҳо, баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз ва гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда, бақайдгирии ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ва дигар шаклҳои хизматрасониҳо рост меояд”.
Манбаъ дар идома навиштааст, андозсупорандагон ҳангоми баҳогузории сифати хидматрасониҳои мақомоти андоз ба масъалаҳои паст будани сатҳи дониши касбии кормандон, ҳоло ҳам нисбатан мураккаб будани истифодаи барномаҳои компютерӣ ва дигар масъалаҳо эрод мегиранд.
Бо ин вуҷуд, масъулони Кумитаи андоз гуфтаанд, тибқи супориши ҳукумат масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасониҳо, кам намудани таъсири омилҳои инсонӣ ва таъмини иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои мансабии кормандони мақомоти андоз зери назорати роҳбарияти Кумитаи андоз қарор дорад.
“Хизматрасонии электронии замимаи мобилии “Андози ман” бо мақсади дар шакли электронӣ, сода ва осон ҳаллу фасл кардани масъалаҳои андозбандии шахсони воқеӣ, омода ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Бо истифода аз хизматрасонии мазкур шаҳрвандон метавонанд зиёда аз 20 масъалаи ба андозбандӣ алоқамандро бидуни ташриф овардан ба мақомоти андоз дар як муҳлати кӯтоҳ ба таври электронӣ анҷом диҳанд”,- навиштааст манбаъ.
Кумитаи андоз бо мақсади муайян намудани вазъи воқеии хидматрасониҳои электронӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати чунин хадамот баҳодиҳии сифати хидматрасониҳоро ба роҳ мондааст.
Ҳарчанд намояндагони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишастҳои расмии худ аз беҳбудии сифати интернет суҳбат мекунанд, вале суръат ё сифати пасти интернет на танҳо дар бахши хидматрасониҳои электронӣ, балки дар дигар бахшу соҳаҳо ва миёни сокинон ҳам борҳо нигарониҳоро ба миён гузоштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ