Хатлон: Нақша аз 50 дарсад гузашт
Нақшаи ҷамъоварии пахта дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон аз 50 дарсад бештар шуд. Ҳоло ҷамъоварии пахта идома дорад.
Дар ин бора аз Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ доданд.
Аз миёни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон танҳо шаҳри Бохтар ва Левакант нақшаро пурра иҷро кардаанд. Дар боқимонда минтақаҳои вилоят ҷамъоварии пахта идома дорад.
Аз миёни 19 шаҳру ноҳияи пахтакор Данғара, Ёвон, Вахш, Шаҳритус ва ноҳияи Дӯстӣ аз 60 то наздики 80 дарсад нақшаро таъмин кардаанд. Ноҳияҳои Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Носири Хусрав нақшаро каму беш то 60 дарсад иҷро кардаанд.
Шаҳру ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Кӯлоб дар вилояти Хатлон нишондоди паст доранд.
Дурнамо имсолаи пахта дар вилояти Хатлон 271 ҳазор тонна буда, то имрӯз нақша беш аз 50 дарсад таъмин шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ