Суғд: 31,1 миллиард сомонӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 9 моҳ
Дар 9 моҳи соли 2026 дар вилояти Суғд ба маблағи 31,1 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 108 фоиз таъмин гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ 1351 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 38 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1313 корхонаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуда, намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 271 номгӯй расонида шуд.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 9 моҳи соли 2026 дар миқёси вилоят 109 корхонаву коргоҳи нав бо 800 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ