Агрегати чоруми Неругоҳи «Роғун» моҳи сентябри соли 2027 ба истифода дода мешавад
21 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мулоқот карда, натиҷаи корҳои сохтмониро баррасӣ намуд. Сарвари давлат супориш дод, ки агрегати рақами 4-и неругоҳ моҳи сентябри соли 2027 ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ бо риояи қатъии сифат ва стандартҳои байналмилалӣ идома ёбанд.
Зимни мулоқот Сарвари давлат аз дастовардҳои 35 соли Истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, бунёди Неругоҳи «Роғун»-ро яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо вазъи корҳои сохтмонӣ барои суръат бахшидан ба бунёди неругоҳ, риояи ҷадвали корҳо ва ба истифода додани иқтидорҳои навбатӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.
Таъкид гардид, ки соли 2025 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои сохтмони неругоҳ 8,1 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Барои соли 2026 тибқи нақша 11,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, танҳо дар ҳафт моҳи соли равон аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 8,4 миллиард сомонӣ барои корҳои сохтмону васлгарӣ сарф шудааст.
Дар маҷмуъ, аз соли 2008 то имрӯз барои сохтмону барқарорсозии Неругоҳи «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо 60,3 миллиард сомонӣ маблағ равона шудааст.
Ҳоло дар майдони сохтмони неругоҳ зиёда аз 20 ҳазор коргар, муҳандис ва мутахассис фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳои ҷалбшуда ба 4 ҳазор адад расидааст.
Президенти кишвар ба Ҷамъияти саҳомии НБО «Роғун» супориш доданд, ки фаъолияти ҳамаи лотҳои сохтмониро мунтазам ҳамоҳанг сохта, иҷрои ҷадвалҳои тасдиқшударо таъмин намояд.
Аз ҷумла, вобаста ба Лоти 1 дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо пудратчӣ тамоми чораҳои зарурӣ барои моҳи сентябри соли 2027 ба истифода додани агрегати рақами 4 андешида шаванд.
Масъулини Лоти 3 — Ҷамъияти саҳомии НБО «Роғун» ва ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» вазифадор шуданд, ки қафомониҳои мавҷударо бартараф намуда, суръати корҳоро афзоиш диҳанд. Ҳамчунин, аҳамияти корҳои вобаста ба Лоти 4 — иншооти соҳили чапи неругоҳ таъкид гардид.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон кард, ки тамоми корҳои сохтмонӣ бояд бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, риояи қатъии талаботи сифат ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд.
Сарвари давлат таваҷҷуҳи махсусро ба ҳифзи ҳаёту саломатии бинокорон, таъмини шароити муносиби кору зиндагӣ ва риояи бехатарии истеҳсолӣ ҷалб намуданд.
Дар мулоқот масъалаи кӯчонидани сокинони минтақаи зериобшаванда низ баррасӣ гардид. Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои ҳар як оилаи кӯчонидашуда шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда шавад.
Ҳамзамон ба мақомоти масъул дастур дода шуд, ки пардохти саривақтии маблағи корҳои анҷомшуда, хариди масолеҳи сохтмонӣ, таҷҳизот ва маводи сӯхт таъмин карда шуда, иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ бо шарикони байналмилалӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.
Дар анҷоми суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт:
«Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони Роғун эътимоди комил дорам».
Пас аз суханронии Президенти кишвар Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои корҳои анҷомшуда дар Неругоҳи «Роғун» гузориш дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ