Марде, ки дар Душанбе духтареро аз худкушӣ наҷот дод, аз сӯи мақомот қадрдонӣ шуд
Самиалло Хайруллозода, сокини шаҳри Душанбе, ҷавондухтареро, ки дар назди Варзишгоҳи марказии пойтахт бо мақсади худкушӣ мехост худро аз баландӣ ба дарёи Душанбе ҳаво диҳад, наҷот дода, бо ин амалаш аз фоҷиаи эҳтимолӣ пешгирӣ кардааст.
Дар ин бора, имрӯз, 25-уми ноябр пулиси шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, барои қадршиносӣ аз ин амали нек ва намунавӣ, Самиалло Хайруллозода аз ҷониби роҳбарияти милитсияи пойтахт дар вазъияти тантанавӣ бо Сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шудааст.
“Ин амали номбурда намунаи ибрат буда, наҷоти ҷони инсон бузургтарин амали нек ва намунаи олии инсондӯстӣ ба шумор меравад”,-гуфтааст пулиси Душанбе.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ