Даъвати мақомот ба истифодаи бештар аз панелҳои офтобӣ. Зури сокинон мерасад?

Агентии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон аз сокинон даъват намудааст, ки дар манзилҳояшон бо насби панелҳои офтобӣ, аз  энергияи офтобӣ бештар истифода баранд.

Ҳоло намояндагони ин ниҳод дар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои насби панелҳои офтобӣ, истифода аз  манбаъҳои барқароршавандаи энергия корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум тақвият бахшидаанд.

Масъулини Агентӣ  аз ҷумла дар як мулоқоташон дар шаҳри Турсунзода ба аҳмияти истифодаи энергияи офтобӣ таъкид кардаанд.  

Онҳо иброз доштаанд, ки насби панелҳои офтобӣ дар биноҳҳои истиқоматӣ метавонад ба сарфаи  нерӯи барқ, кам намудани сарборӣ ба шабакаҳои барқӣ ва истифодаи захираҳои энергетикӣ мусоидат кунад.

Даъвати мақомот ба истифодаи бештари энергияи офтобӣ  ба ҷойи нерӯи барқи маъмулӣ  дар ҳолест, ки дар кишвар зури на ҳама  ба хариду насби панелҳои офтобӣ мерасад. Дар бозору сомонаҳои ширкатҳои махсус фуруши панелҳои офтобӣ  ба роҳ монда шудааст, ки вобаста ба иқтидорашон арзишашон пешниҳод шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *