Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд
Дар Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Раёсат, собиқадорони соҳа ва кормандони сохторҳои тобеи он иштирок намуданд.





Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ ва ифтихори ватандории мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад.
Иштирокдорон оид ба таърихи қабули Парчами давлатӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ ва зарурати тарбияи кормандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ андешаронӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҷамъомад иштирокдорон изҳор доштанд, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими қонунияту тартибот саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ