Тафсилоти як сафари пурхатар
Тибқи нақша, он рӯз мебоист мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони вилояти Бадахшон баргузор мешуд. Аммо мақомоти қудратӣ ин сафарро тавсия намедоданд. Вазъият аз ҳар ҷиҳат хатарнок буд. Обу ҳаво номусоид, нооромиҳо ҳанӯз дар ин минтақа ҷой доштанд. Аммо Президент тасмими худро гирифта буд. Мақомот он замон огоҳ шуд, ки чархбол аллакай дар майдони ҳавоии Душанбе барои парвоз омода буд.
Чархбол аз замин канда шуду сӯйи Хоруғ роҳ пеш гирифт.
То ағбаи Хобуработ ҳама чиз тибқи нақша пеш мерафт. Чархбол аз миёни дараҳо қотеона роҳ мекушод. Ба назар мерасид, ки сафар бидуни мушкил анҷом хоҳад ёфт.
Аммо табиат нақшаи худро дошт.
Пардаи ғафси абр ағбаро дар оғӯши худ фурӯ бурда буд. Осмон бо кӯҳ як тан шуда, марзи миёни замину фазо нопадид гашт. Пеши назар аз чанд метр бештарро дидан имконнопазир буд.
Сарнишин вазъро дар як нигоҳ арзёбӣ кард. Ҳар сонияи идомаи парвоз метавонист лаҳзаи охирин бошад. Давом додани роҳ мусовӣ бо марг буд.
Чархбол ақиб гашт.
Шояд ҳамон лаҳза баъзе аз ҳамсафарон нафаси сабук кашиданд. Гумон карданд, ки хатар паси сар монд ва сафар ба таъхир меафтад. Аммо онҳо ҳанӯз намедонистанд, ки сафари воқеӣ акнун оғоз мешавад.
Чархбол аллакай аз ағба дур шуда, болои баҳри Норак парвоз мекард. Ногоҳ Президент хомӯширо шикаст:
– Ба Кӯлоб!
Ин дафъа касе чизе напурсид. Чархбол самташро дигар кард.
Дар Кӯлоб ҳам таваққуф кӯтоҳ буд. Муҳаррикҳо хомӯш нашуданд. Ҳама мунтазири дастури нав буданд.
Дастур садо дод.
– Ба Шӯрообод!
Ҳамсафарон огоҳӣ надоштанд, ки Президент чӣ андеша дорад. Вале ҳама медонистанд, ки ӯ ҳаргиз қарори тасодуфӣ қабул намекунад. Пеш аз дигарон вазъиятро меомӯзад, сухани мутахассисонро мешунавад, аммо масъулияти интихоби ниҳоиро ҳамеша худ ба дӯш мегирад.
Дар Шӯрообод чархбол барои нишастан омода шуд. Ҳама гумон карданд, ки сафар ҳамин ҷо анҷом хоҳад ёфт. Аммо Президент ба сарнишин наздик омада, гуфт:
– Ба Хоруғ!
Сарнишин ба ҳайрат афтод.
– Чӣ гуна? Шумо худатон дидед, ки аз Хобуработ гузаштан имкон надорад. Ҳаво пурабр аст. Хатар хеле ҷиддӣ мебошад.
Президент оромона, вале қатъӣ гуфт:
– Қад – қади дарёи Панҷ.
Ин аллакай роҳи дигар буд. Роҳе, ки лаб–лаби сарҳади Афғонистон мегузашт. Шояд маҳз ҳамон лаҳза мӯйи сари муҳофизон рост хеста бошад. То Хоруғ тақрибан панҷсад километр.
Аз як тараф кӯҳҳои сарбафалаккашида, аз тарафи дигар Панҷи пуртуғён. Дар пушти Панҷ Афғонистон, кишваре, ки пурра таҳти назорат қарор надошт.
Парвоз дар чунин масир ҳатто дар ҳавои мусоид ҳам осон набуд. Боз болои ин, абрҳои дар рӯйи дарё хона монда, шамоли дара ва хатари ҷониби Афғонистон зам шуда буданд.
Тасмими дар чунин вазъият парвоз кардан ба Хоруғ аз ақл берун менамуд.
Тасаввур мекунам, буд касе, ки ин лаҳза чеҳраи сарнишинон, нигоҳи муҳофизон, сукути ҳамсафарон ва симои ороми Президентро ба навор гирифта бошад? Агар чунин акс мебуд, метавонист як саҳифаи таърихи истиқлолро рангин кунад.
Президент ба ҳамроҳонаш нигарист. Дар дохили чархбол сукут ҳукмфармо, берун аз он хатар таҳдид дошт. Хатари абрҳо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, ба коми мавҷҳои дарёи Панҷ фурӯ рафтан.
Чархбол роҳи худро ба сӯйи Хоруғ идома дод. Ва ҳамон рӯз саҳифаи дигаре ба таърихи сафарҳои пурхатари Президенти Тоҷикистон илова гардид.
ПРЕЗИДЕНТ МЕДОНИСТ БА ЧӢ ИҚДОМЕ ДАСТ МЕЗАНАД. ВА ХУБ МЕДОНИСТ, КИ ТАРС БАДТАР АЗ МАРГ АСТ. ЯК ЧИЗИ ДИГАРРО ҲАМ ДАРК МЕКАРД, КИ ДАР ИН ЛАҲЗАИ ҲАССОС НАМЕТАВОНАД ҲАМРОҲИ МАРДУМИ БАДАХШОН НАБОШАД.
Мардуме, ки ба ӯ эътимод доранд, мардуме, ки вуҷудашон чун қуллаҳои барфпӯш поку сафеду рӯшан аст. Ӯ инро дар сафарҳояш бо Оғохони IV, дар алоҳидагӣ дар рӯзҳои мушкилтарин, дар мулоқотҳояш бо мардуми одӣ дарк карда буд.
Чархбол аз бағали кӯҳи хорои «Гулдара», ки Президент гӯё бо нохун онро бурида, роҳ сохта буд, расам–нарасам гузашт.
Баъдтар сарнишинон нақл мекарданд, ки равзанаи кушодаи ҳаво дар пеши роҳ чандон васеъ набуд. Чархбол аз сатҳи дарёи Панҷ ҳамагӣ дар баландии 60–70 метр парвоз мекард. Дар чунин баландӣ метавонад ҳар гардиши дарё, ҳар хамгашти кӯҳ ва ҳар тағйири шамол хатарзо бошад.
Чархбол гоҳ ба боло мепарид, гоҳ ногаҳон поён мефаромад, гоҳ ба чапу рост моил мешуд. Он аспаки чӯбинеро мемонд, ки кӯдакон бо нидои «чу!» зери пой гирифта, аз ин сӯ ба он сӯ метозонанд. Гӯё кӯҳҳои Бадахшон лаҷоми онро ба дасти худ гирифта, ҳар лаҳза аз самте ба самти дигар мекашиданд.
Порча аз китоби Шариф Ҳамдампур – “ПРЕЗИДЕНТ: АЗ ХУСДЕҲ ТО СИНГАПУР”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ