Рӯнамоии китоби академик Акбар Турсон дар Конибодом

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом ба номи Мирзо Турсонзода китоби нави Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуғаффори Абдуҷаббор таҳти унвони «Академик Акбар Турсон» муаррифӣ гардид. Дар маҳфил худи академик Акбар Турсон иштирок кард. Дар ин бора аз шаҳрдории Конибодом ба Pressa.tj хабар медиҳанд.

 
Чорабинии илмию маърифатӣ дар зодгоҳи донишманди шинохтаи тоҷик баргузор шуда, олимону омӯзгорон, аҳли адаб ва намояндагони мақомоти маҳаллиро гирди ҳам овард.

Гулчеҳра Раҳмонзода,  муовини раиси шаҳри Конибодом аз номи раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода меҳмонон ва иштирокдорони маҳфилро хайрамақдам гуфта, аз саҳми Акбар Турсон дар рушди илм, фарҳанг ва тафаккури илмии тоҷикон ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки омӯзиш ва муаррифии мероси олимону адибони шинохта барои шинохти таърихи илму фарҳанги миллӣ ва тарбияи насли ҷавон аҳамияти хоса дорад.

Китоби «Академик Акбар Турсон» ба қалами Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуғаффори Абдуҷаббор тааллуқ дошта, дар он паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ, фаъолияти илмӣ, ҷаҳонбинӣ ва ҷойгоҳи Акбар Турсон дар илму фарҳанги тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар маҳфил муаллифи китоб Абдуғаффори Абдуҷаббор, номзади илмҳои фалсафа Туйғун Каримов, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Субҳони Аъзамзод ва Сафаралӣ Эркаев суханронӣ карда, доир ба мазмуну муҳтавои китоб, арзиши илмӣ ва адабии он ва марҳилаҳои муҳими фаъолияти Акбар Турсон андеша баён намуданд.

Академик Акбар Турсон зимни суханронии худ ба масъалаҳои рисолати иҷтимоии инсон, нақши илму дониш дар пешрафти ҷомеа ва зарурати ташаккули тафаккури илмии насли наврас таваҷҷуҳ кард.
 
Ёдовар мешавем, ки Акбар Турсон 1 октябри соли 1939 таваллуд шудааст. Ӯ файласуф, шарқшинос, фарҳангшинос, доктори илмҳои фалсафа, профессор ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст. Самтҳои асосии таҳқиқоти ӯ фалсафа ва методологияи табиатшиносӣ, таърихи илм ва фарҳанги Шарқ, масъалаҳои инсон ва кайҳон, инчунин ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва маърифатии илмро фаро мегиранд. Акбар Турсон муаллифи зиёда аз 300 асару мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ мебошад.

Солҳои 1986-1992 роҳбарии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Солҳои 1990-ум дар Иёлоти Муттаҳида низ ба фаъолияти илмӣ машғул буд. Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон солҳои 2012-2015 директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳо буд. Аз ҷумлаи китобҳои маъруфи ӯ «Инсон, атом, кайҳон», «Кайҳон ва ҷараёни дониши инсон», «Банди фалак», «Аз устура ба илм» ва «Файласуф ва кайҳоншиносии муосир», “Қирони саъд”, “Эҳёи Аҷам” ва ғайра мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *