Аёдати омӯзгори собиқадор дар Левакант
Ба хотири Рӯзи омӯзгор ва қадрдонӣ аз заҳмати онҳо, Муминзода Мастура, шаҳрдори Левакант аз аҳволи омӯзгори собиқадор Ҳалима Болтаеваи 84 – сола хабар гирифт.
Дар суҳбат аз Ҳалима Болтаева, омӯзгори собиқадор барои таълиму тарбияи наврасон ва хизмат дар рушди соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ карда шуд.
“Шумо омӯзгорон дар тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва омода намудани мутахассисони донишманд саҳми арзанда доред. Заҳмату талошҳои Шумо ҳеҷгоҳ фаромӯш намешавад. Хизматҳои чандинсолаи Шумо дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша қадр карда мешавад, – афзуд Муминзода.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ