75 соли умр, беш аз ним аср бо суруду мусиқӣ (видео)

Имрӯз, 6 октябр Муродбек Насриддинов, сароянда, оҳангсоз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон 75-сола шуд.

Муродбек Насриддинов соли 1951 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст.

Ӯ аз овозхонҳои соҳибсабки тоҷик буда, бо садои хос ва иҷрои таронаҳои суннативу классикӣ дар миёни ҳаводорони мусиқӣ маҳбубият пайдо кардааст.

Муродбек Насриддинов соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Хуҷандро хатм намуда, баъдан фаъолияти ҳунариро дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон идома дод. Ӯ солҳои зиёд дар ансамбли маъруфи «Ганҷина» низ ҳунарнамоӣ кардааст.

Дар тӯли фаъолияти эҷодӣ Муродбек Насриддинов на танҳо ҳамчун сароянда, балки ҳамчун оҳангсоз низ шинохта шуд. Худи ӯ соли 2021 гуфта буд, ки маҷмуаи сурудҳояш тақрибан 170 оҳанг-ро фаро мегирад.

Ӯ аз ҷумлаи ҳунармандоне аст, ки ҳамеша ба доштани сабку мактаби мустақили сарояндагӣ таъкид мекунад. Ба гуфтаи устод, ҳунарманд бояд «садои худ» ва «мактаби худ» -ро дошта бошад.

Муродбек Насриддинов дар тӯли фаъолияти ҳунарӣ бо устодони номвари санъати тоҷик ҳамкорӣ ва ҳамнишинӣ дошта, аз мактаби ҳунарии насли Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, Боймуҳаммад Ниёзов, Одина Ҳошим ва дигар чеҳраҳои маъруф баҳра бурдааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *