Намояндагони содироти Ӯзбекистон дар 25 кишвари ҷаҳон

Ӯзбекистон тасмим гирифтааст дар 25 кишвари ҷаҳон намояндагони махсуси содиротӣ таъин кунад, ки ба ширкатҳои маҳаллӣ барои ворид шудан ба бозорҳои хориҷӣ ва густариши фурӯши маҳсулот кумак хоҳанд кард.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ин ташаббусро рӯзи 18-уми август зимни мулоқоти ошкор бо соҳибкорон эълом кард.

Тибқи нақша, 20 кишваре интихоб шудаанд, ки тақрибан 60 дарсади ҳаҷми содироти Ӯзбекистон ба онҳо рост меояд. Панҷ бозори дигар ҳамчун самтҳои ояндадори содиротӣ муайян шудаанд.

«Сафирони содиротӣ» аз миёни соҳибкороне интихоб хоҳанд шуд, ки ба бозори кишвари дахлдор бештар маҳсулот содир мекунанд. Ҳукумати Ӯзбекистон ният дорад хароҷоти сафар ва иқомати онҳоро ҷуброн кунад.

Мақомоти кишвар ҳамчунин барои содиркунандагон як қатор имтиёзҳои нав пешбинӣ кардаанд. Аз ҷумла, ширкатҳои ӯзбекӣ метавонанд содироти маҳсулотро идома диҳанд, ҳатто агар маблағи интиқоли қаблӣ ҳанӯз ба онҳо ворид нашуда бошад.

Ҳамзамон, талаботи пардохти пешакии 50-фоиза ҳангоми таҳияи инвойс бекор карда мешавад. Муҳлати ворид шудани даромади асъорӣ барои ширкатҳое, ки тавассути хонаҳои савдо ва дистрибюторҳо фаъолият мекунанд, то 365 рӯз дароз карда хоҳад шуд.

Тағйирот ҳамчунин қарзҳои муҳлатгузаштаи марбут ба амалиёти содиротиро дар бар мегирад. Тибқи қарори пешниҳодшуда, то охири соли ҷорӣ маблағе, ки соҳибкор барои пардохти чунин қарз ба суратҳисоби бонкӣ ворид мекунад, ҳамчун даромади содиротӣ ҳисоб карда мешавад.

Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, ки ин тадбирҳо бояд ба ширкатҳои маҳаллӣ барои пайдо кардани шарикони нав, ворид шудан ба шабакаҳои тиҷоратии хориҷӣ ва гирифтани сертификатҳои зарурӣ мусоидат кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *