Ҳушдори ҳавошиносон: То 24 август дар Тоҷикистон хатари сел ва хокбориш!
Дар Тоҷикистон то 24 август дар баъзе минтақаҳо хатари омадани сел ва хокбориш боқӣ мемонад.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзи 21 август дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари сел пешбинӣ мешавад.
Рӯзҳои 22–23 август дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе эҳтимоли гарду ғубор вуҷуд дорад. Дар минтақаҳои шарқии ВМКБ бошад, хокбориш рӯзҳои 23–24 август дар назар аст.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, хокбориш аз самти ҷанубу ғарб ва ҷануб вориди кишвар мешавад.
Мақомот аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки ҳангоми чунин шароити номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ