Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ гардид.

Тибқи шаҳодатномаи пешниҳодшуда, ки 18 июли соли 2026 дар Корея дода шудааст, Ҷоизаи тиллоӣ (Gold Prize) ба Мижгона Шарофова, намояндаи Тоҷикистон, барои ихтирои илмии «Истифодаи экстракти Inula rhizocephala Schrenk барои боздоштани афзоиш ва муҳоҷирати ҳуҷайраҳои эндометриоз дар шароити in vitro» тақдим гардидааст.

Мижгона Шарофова доктори илмҳои тиб буда, ба ҳайси мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ӯ соли 2025 бо медали «Хизмати шоиста» низ сарфароз гардидааст.

Ихтирои пешниҳодшуда натиҷаи таҳқиқоти муҳаққиқи тоҷик дар самти омӯзиши имкониятҳои истифодаи моддаҳои табиӣ барои пешгирӣ ва маҳдуд намудани афзоишу муҳоҷирати ҳуҷайраҳои эндометриоз мебошад.

Сазовор шудани ин таҳқиқот ба Ҷоизаи тиллоӣ дар намоишгоҳи байналмилалӣ аз аҳамияти илмӣ ва навоваронаи он шаҳодат дода, ҳамзамон барои муаррифии дастовардҳои олимони Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *