Аз ассистент то муовини якуми вазир. Раҳматулло Мирбобоев 70-сола шуд
22 август зодрӯзи иқтисоддон, олим ва собиқ муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев аст. Соли 2026 ӯ 70-сола мешавад.
Раҳматулло Мирбобоев 22 августи соли 1956 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1977 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) – ро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуда, ҳамон сол фаъолиятро ҳамчун ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии донишгоҳ оғоз кард.
Қариб тамоми фаъолияти ӯ бо илму маориф ва омода кардани кадрҳои иқтисодӣ пайванд дорад. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ассистент, муаллими калон, дотсент, муовини декан ва мудири шуъбаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ буд.
Солҳои 2006 – 2008 декани факултети молиявию иқтисодӣ, солҳои 2008–2010 декани факултети иқтисод ва идора ва солҳои 2010 – 2012 муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим фаъолият кардааст.
Солҳои 2012–2013 ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд.
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Раҳматулло Мирбобоев муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин гардид. Дар ин вазифа то моҳи январи соли 2020 фаъолият карда, баъдан ба нафақа баромад.
Пас аз фаъолияти давлатӣ Мирбобоев кори илмиву омӯзгории худро идома дод. Соли 2024 рисолаи докториашро дар мавзуи иштироки Тоҷикистон дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ва таъсири он ба рушди иқтисоди миллӣ пешниҳод ва ҳимоя кард. Комиссияи олии аттестатсионӣ рисолаи ӯро барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои иқтисодӣ тасдиқ кардааст.
Имрӯз Раҳматулло Мирбобоев доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти илмӣ ва омӯзгориашро идома медиҳад.
Ӯ муаллифи даҳҳо асари илмӣ, мақола, дастуру китобҳои таълимӣ дар мавзуъҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ҳамгироии минтақавӣ, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва рушди иқтисоди Тоҷикистон мебошад.
Роҳи 49-солаи фаъолияти Раҳматулло Мирбобоев аз ассистенти ҷавони донишгоҳ то декан, проректор, ректор, муовини якуми вазир ва профессору доктори илмҳои иқтисодӣ идома ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ