Миёни ӯву кормандон девор набуд…

Соли 2016 буд. Ҳайати Тоҷикистон барои иштирок дар Анҷумани омӯзгорони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Федератсияи Русия сафар дошт. Тақрибан ҳаждаҳ нафар будем одамони синну соли гуногун, соҳиби вазифаву масъулияти мухталиф ва табиист, ки ҳар кадом бо хислату табиати худ.

Сафарҳои корӣ, махсусан бо ҳайати сершумор, барои роҳбари гурӯҳ ҳамеша ташвишҳои худро доранд: касе дер намонад, ҳуҷҷати нафаре мушкил пайдо накунад, ҳама сари вақт ба макони чорабинӣ расанд ва барномаи сафар дуруст иҷро шавад. Дар чунин ҳолатҳо маъмулан роҳбари ҳайат бештар ба корҳои расмӣ машғул мешавад. Аммо аз он сафар дар хотираи ман манзараи дигаре нақш бастааст. Раҳматулло Мадаюбович Мирбобоев, ки он вақт муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, пайваста аз ҳоли аъзои ҳайат хабар мегирифт. На ба маънои расмӣ, балки самимона мепурсид: ҳама хубанд? Касе мушкиле надорад? Шароити ҷойгиршавӣ чӣ гуна аст? Касе ба чизе эҳтиёҷ надорад?

Солҳо баъд, вақте он сафарро ба ёд меорам, бештар ба ҳамин ҷузъиёти ба зоҳир одӣ таваҷҷуҳ мекунам. Зеро симои инсонро на ҳамеша воқеаҳои бузург ошкор мекунанд. Баъзан як пурсиши одӣ, муносибати беғаразона ва таваҷҷуҳ ба нафаре, ки дар миёни ҷамъият чандон намоён нест, аз чандин суханронии пуршукӯҳ бештар дар бораи шахсият маълумот медиҳад. Шояд ҳамин хотира беҳтарин муқаддима барои сухан гуфтан дар бораи Раҳматулло Мирбобоев бошад.

Ӯ соли 1977 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро аз ассистентии кафедраи иқтисоди сиёсии факултети иқтисодӣ оғоз кардааст. Баъдан дар Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар аспирантура таҳсил карда, солҳои зиёд дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳамчун ассистент, муаллими калон, муовини декан, мудири шуъба ва дар вазифаҳои дигари таълимию илмӣ фаъолият намудааст. Ин роҳи зина ба зина тайшуда ӯро ба вазифаҳои декан, муовини ректор оид ба таълим, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва ниҳоят, солҳои 2013-2020 ба мақоми муовини якуми вазири маориф ва илм расонд.

Аммо агар аз ман ва дигар кормандони вазорат бипурсанд, ки аз солҳои ҳамкорӣ бо ӯ кадом хусусияташ бештар дар хотирам мондааст, қабл аз ҳама аз тарзи муносибаташ бо одамон ёд мекунам. Барои Раҳматулло Мадаюбович мақоми хидматии ҳамсуҳбат меъёри эҳтиром набуд. Дар муносибат бо роҳбари баландмақом ва корманди одие, ки барои ҳал кардани масъалае ба наздаш медаромад, тағйири назаррасе дар оҳанги сухан ё шеваи муносибаташ дида намешуд. Ин хусусият, бахусус дар муҳити идорӣ, арзиши хос дорад. Зеро мансаб ба инсон имконият медиҳад, аммо фарҳанги роҳбарӣ аз он оғоз мешавад, ки соҳиби мансаб аз ин имконият чӣ гуна истифода мекунад.

Солҳои ҳамкорӣ ин ҷиҳати шахсияти ӯро борҳо дидаам. Зуд-зуд маро назди худ даъват мекард. Гоҳе маълумотномае омода мешуд, гоҳи дигар санаде ба таҳлили ҷиддӣ ниёз дошт. Ӯ метавонист танҳо супориш диҳад ва баъди чанд соат натиҷаи корро талаб кунад. Аммо аксаран роҳи дигарро интихоб мекард: менишастем ва якҷо кор мекардем. Масъала мегузошт, фикрашро баён мекард, андешаи моро мешунид, ба ҷузъиёти санад таваҷҷуҳ менамуд, рақамҳоро месанҷид. Баъзан як маълумотномаи чандсаҳифаӣ дар ҷараёни ҳамин суҳбату таҳлил ба як машқи воқеии касбӣ табдил меёфт.

Баъзе нозукиҳои фаъолияти роҳбариро ман маҳз дар ҳамин нишастҳо омӯхтаам. На ӯ худро дар мақоми устод мегузошт ва на касе мегуфт, ки ҳоло дарси роҳбарӣ оғоз мешавад. Омӯзиш табиӣ сурат мегирифт: аз тарзи саволгузорӣ, эҳтиёткорӣ дар истифодаи рақам, таваҷҷуҳ ба мазмуни санад ва муҳимтар аз ҳама, аз то охир шунидани фикри корманди ҷавон.

Роҳбаре, ки кормандро танҳо иҷрокунандаи супориш медонад, метавонад натиҷа ба даст орад, аммо мактаби касбӣ ба вуҷуд оварда наметавонад. Мактаб дар муҳите шакл мегирад, ки корманд ба раванди андешидан ҷалб мешавад, фикрашро мепурсанд, ба назараш эҳтиром мегузоранд ва ҳамзамон аз ӯ масъулият талаб мекунанд.

Раҳматулло Мадаюбович чунин роҳбар буд.

Паҳлуи дигари муносибати мо баъди анҷоми соати корӣ бештар эҳсос мешуд. Баъзан кор тӯл мекашид. Агар ман ҳамоно бо лаҳни расмӣ суҳбат кардан мехостам, ӯ намегузошт. Бо самимияти хос мегуфт: “Соати корӣ тамом шуд, акнун мову ту дӯсту бародарем”. Он вақт ин суханро нишонаи самимият медонистам. Имрӯз дар он маънои амиқтар мебинам.

Раҳматулло Мирбобоев тавониста буд миёни вазифа ва инсон будан марзи солимро нигоҳ дорад. Ҳангоми кор масъулияти вазифавиро ҷиддӣ мегирифт, аммо намегузошт вазифа муносибатҳои инсониро фурӯ барад. Шояд решаи ин фарҳанги муносибат дар роҳи тӯлонии омӯзгорӣ ва илмии ӯ бошад. Фаъолияти касбии Мирбобоев аз курсии баланди маъмурӣ оғоз нашуда буд. Ӯ ассистент, омӯзгор, муҳаққиқ, декан ва муовини ректор буд. Касе, ки худ ин зинаҳоро гузаштааст, эҳтимол беҳтар медонад, ки корманди ҷавон ҳангоми ворид шудан ба дафтари роҳбар чӣ эҳсос мекунад.

Солҳои 2006-2008 декани факултети молиявию иқтисодӣ, солҳои 2008-2010 декани факултети иқтисод ва идора ва солҳои 2010-2012 муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 2012-2013 роҳбарии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва баъдан ҳафт сол муовини якуми вазири маориф ва илм буд. Пас аз анҷоми фаъолияти давлатӣ низ ӯ аз илму донишгоҳ дур нашуд. Солҳои 2020-2022 директори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хидмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷӣ буд, баъдан ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргашт. Имрӯз ҳамчун доктори илмҳои иқтисодӣ ва профессор таҷрибаи худро ба насли ҷавон мерасонад.

Хидматҳои ӯ бо медали «Хизмати шоиста», Ифтихорномаи ИДМ ва унвонҳои «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» қадрдонӣ шудаанд.

Аз замоне ки Раҳматулло Мадаюбович дигар муовини якуми вазир нест, солҳо гузаштаанд. Агар робитаи мо танҳо вобаста ба вазифа мебуд, бояд кайҳо қатъ мешуд. Аммо то имрӯз ҳамдигарро дар иду айём табрик мегӯем, аз аҳволи якдигар мепурсем… Ин, ба назари ман, меъёри воқеии муносибати роҳбар бо корманд аст. Зеро баъди аз мансаб рафтани роҳбар ҳама расмиятҳо канор мераванд. Агар корманди собиқ баъди солҳо бо хоҳиши худ занг занад, аз саломатии роҳбари пешинааш пурсон шавад ва дидорашро ғанимат шуморад, ин дигар одоби хидматӣ нест. Ин ҳукми хотираи инсон аст.

Ин аст симои Раҳматулло Мадаюбович Мирбобоев аз нигоҳи ман – донишманде, ки роҳи тӯлонии илмро тай кардааст, роҳбаре, ки масъулиятҳои бузургро ба уҳда доштааст, устоде, ки таҷрибаашро ба дигарон интиқол додааст ва дар баландтарин зинаҳои фаъолияти худ низ муносибати озодро аз даст надодааст ва дар ҳар мақому мартаба пеш аз ҳама, ба маънои комил инсон монд.

Э. ХУШБАХТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *