Қарзи онлайн. «Амонатбонк» ба муштариён чӣ тавсия медиҳад? (видео)
Қарзи онлайнӣ дар солҳои охир ба яке аз хизматрасониҳои нави ташкилотҳои молиявӣ табдил ёфтааст. Намояндаи «Амонатбонк» тартиби пешниҳоди чунин қарз, фарқияти он аз дигар маҳсулоти қарзиро шарҳ дод.
Қарзи онлайн чӣ гуна пешниҳод мешавад?
Низомӣ Асоев, корманди «Амонатбонк» гуфт, ки дастрасӣ ба қарзи онлайн, пеш аз ҳама ба қобилияти пардохтпазирии муштарӣ вобаста аст.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳадафҳои асосӣ содда кардани раванди пешниҳоди дархост, баррасии ҳуҷҷатҳо ва гирифтани қарз мебошад.
«Имрӯз «Амонатбонк» кӯшиш мекунад, ки раванди пешниҳоди қарзи онлайнро барои муштариён боз ҳам содатар намуда, меъёри фоизи қарзро нисбатан паст пешниҳод кунад», – гуфт Низомӣ Асоев.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки маҳсулоти қарзи онлайн барои ташкилотҳои молиявӣ нисбатан нав мебошад.
Кӣ метавонад қарзи онлайнӣ гирад?
Низомӣ Асоев гуфт, ки бо мақсади пешгирии хавфҳои қарзӣ дар «Амонатбонк» дастрасии қарзи онлайн, аз ҷумла, барои муштариёне пешбинӣ шудааст, ки дар доираи лоиҳаи музди меҳнат маоши худро тавассути ин бонк мегиранд.
Ба гуфтаи ӯ, ин равиш ба арзёбии қобилияти пардохтпазирии муштарӣ мусоидат мекунад.
Пеш аз гирифтани қарз ба чӣ бояд таваҷҷуҳ кард?
Намояндаи «Амонатбонк» ба муштариён тавсия медиҳад, ки пеш аз гирифтани қарз мақсади истифодаи маблағ, ҳаҷми қарзи зарурӣ ва имконияти пардохти ҳармоҳаи онро ба назар гиранд.
«Қарз бояд бо ҳадафи муайян гирифта шуда, самаранок истифода бурда шавад», – таъкид кард ӯ.
Ҳамчунин, муштариён бояд пеш аз қабули қарор шартҳои қарз, аз ҷумла меъёри фоизӣ, муҳлати пардохт ва маблағи пардохти ҳармоҳаро омӯзанд.
Дар маҷмӯъ, шароити пешниҳоди қарзи онлайн дар ташкилотҳои молиявӣ метавонад аз ҳамдигар фарқ кунад. Аз ин рӯ, ҳангоми интихоби қарз ба шартҳои пешниҳодшуда ва имконияти воқеии пардохти он бояд диққат дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ